НБО "Сангтӯда-1": Нишондиҳандаҳои асосӣ

Обуна шудан
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" дувумин нерӯгоҳи пуриқтидор дар Тоҷикистон аст. Он дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст.
Корҳо оид ба бунёди неругоҳи барқи обӣ ҳанӯз дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1982 оғоз шуда буд.
Аллакай пас аз 5 сол корҳои омодагӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ оғоз шуда буд, вале дар соли 1992 дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сохтмони НБО-и Сангтӯда-1 бо омодагии тақрибан 13% қатъ карда шуд.
Соли 2005 бо маблағгузории Русия сохтмон аз сар гирифта шуд ва дар авоили соли 2008 аввалин агрегат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маблағи умумии сармоягузории Русия дар сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" беш аз 16 млрд рублро ташкил додааст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.
Лентаи хабарҳо
0