https://sputnik.tj/20250403/maorif-korkhona-mushtarak-rahmon-rohbar-totoriston-muloqot-1066836198.html
Аз маориф то ташкили корхонаҳои муштарак: Раҳмон бо роҳбари Тотористон мулоқот кард
Аз маориф то ташкили корхонаҳои муштарак: Раҳмон бо роҳбари Тотористон мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди ашёи хом, аз ҷумла риштаҳои абрешим ва пашму дигар истеҳсолоти бофандагиро баррасӣ карданд.
2025-04-03T11:56+0500
2025-04-03T11:56+0500
2025-04-03T11:56+0500
дар тоҷикистон
тотористон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/03/1066835334_0:264:1957:1365_1920x0_80_0_0_517a949c6e99d64367a00b1db3c8cee6.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфт.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.Ҷонибҳо имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд.Тотористон барои довталабони тоҷик квота ҷудо кардДар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.Гузашта аз ин ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи зиёд кардани вотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд.Ёдовар мешавем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло оруми байналмилалии энергетикии "Энергопром" ҷараён дорад ва вазири энергетикаи Тоҷикистон, Далер Ҷумъа дар ин форум иштирок дорад.Вазир зимни суханронӣ дар форус аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз Русия даъват кард ки ба рушди энергетикаи тоза дар Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд.
https://sputnik.tj/20250403/tojikiston-intizor-shirkat-rusiya-istikhroj-naft-gaz-1066831347.html
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/03/1066835334_68:0:1888:1365_1920x0_80_0_0_eb620b1ebdbb8c8fa7a308ce4808858e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон рустам минниханов тоҷикистон тотористон
эмомалӣ раҳмон рустам минниханов тоҷикистон тотористон
Аз маориф то ташкили корхонаҳои муштарак: Раҳмон бо роҳбари Тотористон мулоқот кард
Ҷонибҳо таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди ашёи хом, аз ҷумла риштаҳои абрешим ва пашму дигар истеҳсолоти бофандагиро баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.
Гузашта аз ин ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи зиёд кардани вотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд.
Ёдовар мешавем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло оруми байналмилалии энергетикии "Энергопром" ҷараён дорад ва вазири энергетикаи Тоҷикистон, Далер Ҷумъа дар ин форум иштирок дорад.
Вазир зимни суханронӣ дар форус аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз Русия даъват кард ки ба рушди энергетикаи тоза дар Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд.