Тоҷикистониён дар моҳи апрел чанд рӯз истироҳат доранд

Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи дуюми баҳор тибқи тақвими муқаррарӣ кор ва истироҳат мекунанд
Моҳи равон дар Тоҷикистон рӯзҳои ид ва истироҳати иловагӣ нест ва кору истироҳат тибқи тақвими муқаррарӣ сурат хоҳад гирифт.
Пас аз он ки сокинони Тоҷикистон моҳи март бинобар таҷлили моҳи Рамазон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои истироҳатии зиёд доштанд, дар моҳи апрел ҳама тибқи тақвими муқаррарӣ кору истироҳат хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, тоҷикистониён дар моҳи апрел 8 рӯзи истироҳати расмӣ ва 22 рӯзи корӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар тӯли сол идҳои мухталиф, аз ҷумла байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ таҷлил мешавад, ки бархеи онҳо таътилу қисми дигарашон корӣ мебошанд.
Рӯзҳои ид ва истироҳат дар қонун инъикос ёфта, баъдан агар зарурати иваз кардани рӯзҳои корӣ бо ғайрикорӣ пеш ояд, он бо қарори ҳукумат таъйид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0