https://sputnik.tj/20250330/namoz-id-fitr-hazoron-muhojir-mehnat-maskav-1066777967.html
Намози Иди Фитр бо ширкати ҳазорон муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав
Намози Иди Фитр бо ширкати ҳазорон муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз намози дастаҷамъӣ раиси Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия ба ҳозирин бо маъвизаи идона муроҷиат кард
2025-03-30T14:55+0500
2025-03-30T14:55+0500
2025-03-30T14:55+0500
намоз
иди рамазон
маскав
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102906/87/1029068797_0:211:2888:1836_1920x0_80_0_0_7ef4434af4fd14967eeaf8de119ed967.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Намози идона ба муносибати иди саиди Фитр дар масҷидҳои Маскав субҳи имрӯз чун ҳамасола бошукуҳ баргузор шуд. Шумораи зиёди диндорон аз рӯи анъана дар масҷиди ҷомеи Маскав ҷамъ омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Қабл аз намози дастаҷамъӣ раиси Идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия муфтӣ Равил Ғайнутдин ба ҳозирин бо хутбаи идона муроҷиат кард. Ӯ мусулмонони Русия ва ҳамчунин мусалмонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тамоми уммати исломиро бо Иди Фитр табрик гуфт. Дар паёми худ ӯ таъкид кардааст, ки мусулмонони Федератсияи Русия пайваста дар ҳаққи сарбозони минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дуо мегӯянд. Ба таъкиди ӯ, ғояҳои навбаромад, ки аз ҷониби Ғарб парварида ва тарғиб мешавад, дар Русия посухи сазовор пайдо мекунанд. "Мамлакати мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба кард, мо дар амалиёти вижа низ ғалаба хоҳем кард... Ҳамаи мо барои ғалабаи худ дуо мекунем", — қайд кард муфтӣ. Ҳангоми намоз, бинои асосии масҷид ва тамоми гирду атрофи маҷмаа аз мусалмонон пур шуд, ки аз субҳи барвақт барои намози ид омада буданд. Иди Фитр яке аз идҳои аслии мусалмонон аст. Дар ин рӯз мусалмонон анҷоми моҳи Рамазонро ҷашн мегиранд.
https://sputnik.tj/20250330/putin-musalmonon-id-ramazon-tabrik-1066777269.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102906/87/1029068797_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_5454389e4f9b81c832e9f80be06e53ac.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоз ид фитр ширкат ҳазорон муҳоҷир меҳнат маскав
намоз ид фитр ширкат ҳазорон муҳоҷир меҳнат маскав
Намози Иди Фитр бо ширкати ҳазорон муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав
Пеш аз намози дастаҷамъӣ раиси Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия ба ҳозирин бо маъвизаи идона муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Намози идона ба муносибати иди саиди Фитр дар масҷидҳои Маскав субҳи имрӯз чун ҳамасола бошукуҳ баргузор шуд.
Шумораи зиёди диндорон аз рӯи анъана дар масҷиди ҷомеи Маскав ҷамъ омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Қабл аз намози дастаҷамъӣ раиси Идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия муфтӣ Равил Ғайнутдин ба ҳозирин бо хутбаи идона муроҷиат кард.
Ӯ мусулмонони Русия ва ҳамчунин мусалмонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тамоми уммати исломиро бо Иди Фитр табрик гуфт.
Дар паёми худ ӯ таъкид кардааст, ки мусулмонони Федератсияи Русия пайваста дар ҳаққи сарбозони минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дуо мегӯянд.
"Ҳисси ватандустӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, майлу хоҳиши гул-гулшукуфии он, барои он ки ҳамватанон дар сулҳу осоиш зиндагонӣ кунанд — барои ҳамаи ин низомиёни мо дар минтақаи амалиёти вижа меҷанганд", — гуфт Гайнутдин.
Ба таъкиди ӯ, ғояҳои навбаромад, ки аз ҷониби Ғарб парварида ва тарғиб мешавад, дар Русия посухи сазовор пайдо мекунанд.
"Мамлакати мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба кард, мо дар амалиёти вижа низ ғалаба хоҳем кард... Ҳамаи мо барои ғалабаи худ дуо мекунем", — қайд кард муфтӣ.
Ҳангоми намоз, бинои асосии масҷид ва тамоми гирду атрофи маҷмаа аз мусалмонон пур шуд, ки аз субҳи барвақт барои намози ид омада буданд.
Иди Фитр яке аз идҳои аслии мусалмонон аст. Дар ин рӯз мусалмонон анҷоми моҳи Рамазонро ҷашн мегиранд.