https://sputnik.tj/20250330/mufti-rusiya-musalmonon-davat-ighvo-baynimilli-doda-nashavand-1066778520.html
Муфтии Русия аз мусалмонон даъват кард, ки ба иғвоҳои байнимиллӣ дода нашаванд
Муфтии Русия аз мусалмонон даъват кард, ки ба иғвоҳои байнимиллӣ дода нашаванд
Sputnik Тоҷикистон
Муфтӣ Ғайнутдин итминон дорад, ки ислом дар Русия таърихан ба таври осоишта ва бо намунаи хуб паҳн шудааст ва ин ягона роҳи ҳифзи он аст
2025-03-30T18:45+0500
2025-03-30T18:45+0500
2025-03-30T18:45+0500
дар русия
мусалмонон
равил ғайнутдин
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175379_0:104:3083:1838_1920x0_80_0_0_2d472c99849835cb99b6cf2dd847b105.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси Идораи динии мусалмонони Русия Равил Ғайнутдин аз мардум даъват кард, ки ба амалҳои иғвогарона, ки ҳадафаш аз байн бурдани ваҳдати байни миллатҳо дар кишвар аст, дода нашаванд. Ӯ дар ин бора зимни як мавъиза ба ифтихори Иди Рамазон изҳорот дод. Ба гуфтаи ӯ, ягона роҳи ба даст овардани эҳтиром ва ҷои сазовор дар ҷомеа нишон додани моҳияти ислом бо хислати нек ва шоиста аст. "Ин аст, ки ислом дар ибтидо дар қалби Русия, дар соҳили Итил, яъне дарёи бузурги рус Волга - ба таври осоишта, бо намунаи нек, парҳезгорӣ, дониш паҳн шуд. Танҳо ба ин тариқ мо метавонем онро дар оянда ҳифз кунем", - хитоб кард ӯ ба мусалмонон. Тавре раиси Идораи динии мусалмонони Русия қайд кард, президенти Русия Владимир Путин бо намунаи шахсии худ эҳтиром ба ҳама муқаддасоти мардуми ҷаҳон, аз ҷумла дини Исломро нишон медиҳад. Ғайнутдин ҳамчунин ба ҳар нафаре, ки мусулмонони кишварро бо иди муқаддас табрик карданд, изҳори сипос намуд. Иди Фитр яке аз идҳои аслии мусалмонон буда, бо поёни моҳи Рамазон, ки яке аз муқаддасоти Ислом аст, таҷлил мешава.Дар ин рӯз мусалмонони пас аз адои намози ид аз хонаводаҳои ҳамдигар дидан мекунанду ҳол мепурсанд ва ба ниёзмандону барҷомондагон кумак мекунанд.
https://sputnik.tj/20250330/putin-musalmonon-id-ramazon-tabrik-1066777269.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175379_352:0:3083:2048_1920x0_80_0_0_4f5e189baf1a13e762092830b42b19dd.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муфтӣ русия мусалмонон даъват ҳамдилӣ ваҳдат
муфтӣ русия мусалмонон даъват ҳамдилӣ ваҳдат
Муфтии Русия аз мусалмонон даъват кард, ки ба иғвоҳои байнимиллӣ дода нашаванд
Муфтӣ Ғайнутдин итминон дорад, ки ислом дар Русия таърихан ба таври осоишта ва бо намунаи хуб паҳн шудааст ва ин ягона роҳи ҳифзи он аст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси Идораи динии мусалмонони Русия Равил Ғайнутдин аз мардум даъват кард, ки ба амалҳои иғвогарона, ки ҳадафаш аз байн бурдани ваҳдати байни миллатҳо дар кишвар аст, дода нашаванд.
Ӯ дар ин бора зимни як мавъиза ба ифтихори Иди Рамазон изҳорот дод.
"Бо вуҷуди ҳама гуна кӯшишҳо барои барҳам задани ваҳдату якдилӣ дар кишварамон, барҳам додани сулҳу ваҳдати байни миллатҳо ва гуногунмазҳабӣ, ба ҳар яки шумо ҳушдор медиҳам, ки ба фитнагарӣ дода нашавед, оромиро дар ҷони худ нигоҳ доред, бигзор аз забони шумо, аз дасти шумо некӣ барояд", - таъкид кард Ғайнутдин.
Ба гуфтаи ӯ, ягона роҳи ба даст овардани эҳтиром ва ҷои сазовор дар ҷомеа нишон додани моҳияти ислом бо хислати нек ва шоиста аст.
"Ин аст, ки ислом дар ибтидо дар қалби Русия, дар соҳили Итил, яъне дарёи бузурги рус Волга - ба таври осоишта, бо намунаи нек, парҳезгорӣ, дониш паҳн шуд. Танҳо ба ин тариқ мо метавонем онро дар оянда ҳифз кунем", - хитоб кард ӯ ба мусалмонон.
Тавре раиси Идораи динии мусалмонони Русия қайд кард, президенти Русия Владимир Путин бо намунаи шахсии худ эҳтиром ба ҳама муқаддасоти мардуми ҷаҳон, аз ҷумла дини Исломро нишон медиҳад.
Ғайнутдин ҳамчунин ба ҳар нафаре, ки мусулмонони кишварро бо иди муқаддас табрик карданд, изҳори сипос намуд.
Иди Фитр яке аз идҳои аслии мусалмонон буда, бо поёни моҳи Рамазон, ки яке аз муқаддасоти Ислом аст, таҷлил мешава.
Дар ин рӯз мусалмонони пас аз адои намози ид аз хонаводаҳои ҳамдигар дидан мекунанду ҳол мепурсанд ва ба ниёзмандону барҷомондагон кумак мекунанд.