ИИАО ба ҳамкорӣ бо Эрон, аз ҷумла дар бахши нақлиёт манфиатдор аст

© Foto / Пресс-служба ЕЭКЧлен Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев
Член Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2025
Обуна шудан
ИИАО ҳамкориҳоро бо Эрон дар чаҳорчӯби созишномаи тиҷорати озод барқарор мекунад, ки бояд аз 15 май эътибор пайдо кунад
ДУШАНБЕ, 30 март — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрон манфиатдор аст.
Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии Авруосиё Андрей Слепнев хабар дод.
Вай дар семинаре, ки ба дурнамои рушди ҳамкориҳо бо Эрон дар заминаи нақлиёт ва логистика бахшида шудааст, суханронӣ кард.
Вид на Ереван. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Оверчук: Арманистон бояд байни ИА ва ИИАО якеро интихоб кунад
Ин чорабинӣ дар остонаи эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Эрон аз 15 майи соли ҷорӣ сурат гирифт.
"Шарикони мо омодаанд, имкони ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби долони байналмилалии нақлиётии "Шимол-Ҷануб"-ро таҳқиқ кунанд, ҳамлу нақли баҳрӣ дар баҳри Хазарро фаъол созанд ва дар лоиҳаи Агроэкспресси Авруосиё ширкат варзанд", - таъкид кард Слепнев.
Ҳадаф аз баргузории семинар дарёфти пешниҳодҳо аз соҳибкорон ва ниҳодҳои давлатӣ барои пур кардани рӯзномаи ҳамкорӣ бо Эрон дар чаҳорчӯби татбиқи созишномаи тиҷорати озод бо тадбирҳои мушаххаси амалӣ мебошад.
Кожошев қайд кард, ки зарурати бунёди занҷирҳои таъминот дар самти Эрон, инчунин рушди зерсохтор барои дастрасӣ ба минтақаи ҳавзаи баҳри Хазар, Халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ, Африқо ва Ҳиндустон дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва рушди масирҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Қаблан Комиссияи иқтисодии Авруосиё соли 2025 барои воридоти як қатор маҳсулоти кишоварзӣ аз Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё квота муқаррар карда буд.
Лентаи хабарҳо
0