Равобити тиҷории Тоҷикистону Афғонистон: Толибон* гуфт, бо кӣ додугирифт дорад

© AP / Shizuo KambayashiКонтейнерный терминал, архивное фото
Контейнерный терминал, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Обуна шудан
Ҳукумати Толибон* мегӯяд, ки тиҷорати Афғонистон ба кишварҳои хориҷӣ ба хусус бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Охундзода Абдусалом Ҷавод сухангӯи вазорати санъат ва тиҷорати Толибон* эълом кардааст, ки Афғонистон дар соли гузашта ба арзиши наздик ба 13 миллиард доллар содирот ва воридот дошта, ки 1 миллиард ва 785 миллион доллари онро содирот ташкил медиҳад.
Ҷавод афзудааст, ки Афғонистони бештарини содиротро ба Покистон, Ҳинд, Амороти Муттаҳидаи Араб, Узбекистон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Туркия, Ироқ ва Тоҷикистон доштааст.
Ба гуфта сухангуи вазорати санъату тиҷорати Толибон*, маҳсулоти зироатӣ чун анҷир, пунба ва кишмиш бештарини ақломи содиротии кишварро ташкил дода, аммо содироти қолин, сурб ва сангҳои қиматӣ ва нимаи қиматӣ низ раванди рӯ ба рушд доштааст.
Оқои Охундзода мегуяд, ки Афғонистон дар соли гузашта бештарини воридотро аз Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Ҳинд ва Малайзия доштааст.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2025
Толибон*: Кори пружаи CASA-1000 дар хоки Афғонистон 70% такмил шудааст
Ӯ изофа кард, ки сӯзишворӣ, оради гандум, қатаъоти васоити нақлия, гази моеъ, адвияи тиббӣ, равғану биринҷ бештарини ақломи воридотии кишварро ташкил додааст.
Сухангуи вазорати санъату тиҷорат Толибон* мегуяд, ки раванди тиҷорати кишвар дар соли гузашта тағироти мусбат доштааст, аммо дар мавриди ин тағирот ва баланси тиҷоратӣ тавзеҳоте ироа намекунад.
Бар асоси омори идораи омор, Афғонистон дар соли 2023 ба арзиши ҳашт миллиард ва 576 миллион ва 300 ҳазор доллар воридот ва як миллиарду 777 миллион ва 900 ҳазор доллар содирот дошт.
Муқоисаи омори ду соли ахир нишон медиҳад ки содироти Афғонистон андаке афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки мизони воридоти он ду миллиард ва 588 миллион доллар нишон медиҳад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0