https://sputnik.tj/20250323/tojikiston-internet-arzon-shud-sabab-chist-1066687679.html
Дар Тоҷикистон интернет ба таври назаррас арзон шуд: сабаб дар чист?
Дар Тоҷикистон интернет ба таври назаррас арзон шуд: сабаб дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Нави хадамоти алоқаи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро интернет дар ҷумҳурӣ қариб се баробар арзонтар шудааст 23.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-23T10:31+0500
2025-03-23T10:31+0500
2025-03-23T10:31+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_c7e84a17e431fa4298692af21d2a4a32.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон баъзе ширкатҳо арзиши хизматрасониҳои интернетиро қариб се баробар кам кардаанд.Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси нави Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар оянда суръати интернет дар Тоҷикистон бояд беш аз 30 баробар афзоиш ёбад.Ба таъкиди Саъдулло, Хадамоти алоқа аз оғози соли ҷорӣ барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба Интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро тақвият додааст.Роҳбари хадамоти алоқа қайд кард, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо операторони пешқадами минтақа ва ҷаҳон, операторони тоҷикии алоқаи барқӣ мустақим ба системаи байнулмилалии шабакаҳои кабелии зериобии интернет тариқи Покистону Афғонистон пайваст шуданд.“Пайвастшавӣ ба онҳо имкониятҳо ва фурсатҳои нав, аз қабили дастрасии мустақим ба манбаъҳо ва платформаҳои сатҳи байнулмилалии интернет, марказҳои ҷаҳонии мубодилаи иттилоот ва маълумот, суръати баланди пайвастшавӣ ва ҳамзамон арзиши муносиб барои операторон ва мутаносибан барои истифодабарандагони одиро фароҳам сохт”, - гуфт сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.Вай афзуд, аз оғози соли равон ба ин сӯ арзиши воридоти интернет ба кишвар 30% кам ва ҳаҷми воридоти он ба ҳудуди Тоҷикистон 2 маротиба зиёд карда шуд. “Дар натиҷа ҳоло тамоми ширкатҳои мобилии Тоҷикистон арзиши бастаҳои интернетӣ аз 20% то 50% коҳиш ёфт” – гуфт Исфандиёри Саъдулло. Тибқи иттилоъи расмӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 6 ширкати алоқаи мобилӣ ва 15 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит фаъолият мекунанд. Арзиши тарифаҳои провайдерони интернети собит ё ноқилӣ ба таври миёна 55% ва дар баъзе маврид қариб се баробар коҳиш дода шуда, қарор аст тарифаҳое, ки бо суръати пасттар аз 5Мбит/с кор мекунанд, бекор шаванд.“Қаблан суръати интернети собит аз 0,5 Мбит/с шурӯъ мешуд. Ҳол қарор аст суръати интернет то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ва то се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад”, - гуфт Исфандиёри Саъъдулло. Вай қайд кард, ки то ин замон ширкатҳои Тоҷикистон интернетро аз Ӯзбекистону Қирғизистон мегирифтанд, ки онҳо дар навбати худ онро аз кишварҳои дигар ворид мекарданд.Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, талошҳои ин ниҳод бар он аст, ки дар воридоти интернет як танаввуъ ё диверсификатсияро ба вуҷуд орад.
https://sputnik.tj/20250218/aloqav-internet-shikoyat-zang-khadamot-aloqa-markaz-tamos-1066271186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_c53f68d610514d154fc1805f6164301d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хадамоти алоқа, интернет
дар тоҷикистон, хадамоти алоқа, интернет
Дар Тоҷикистон интернет ба таври назаррас арзон шуд: сабаб дар чист?
Раиси Нави хадамоти алоқаи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро интернет дар ҷумҳурӣ қариб се баробар арзонтар шудааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон баъзе ширкатҳо арзиши хизматрасониҳои интернетиро қариб се баробар кам кардаанд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси нави Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар оянда суръати интернет дар Тоҷикистон бояд беш аз 30 баробар афзоиш ёбад.
Ба таъкиди Саъдулло, Хадамоти алоқа аз оғози соли ҷорӣ барои афзоиши имконияти каналҳои берунаи дастрасӣ ба Интернет, ташкили хатҳои алоқаи байналмилалии алтернативии боэътимод ва табдил додани қаламрави ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ бо операторони алоқаи барқии як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро тақвият додааст.
“Иртибототи мустақим бо ширкатҳои Русия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Туркманистон, Афғонистон ва Аморати муттаҳидаи араб ва як қатор операторони сатҳи аввали Аврупо барқарор гардида, лоиҳаҳои муҳими аҳамияти стратегидошта дар ҳоли амалӣ шудан ҳастанд”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Роҳбари хадамоти алоқа қайд кард, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо операторони пешқадами минтақа ва ҷаҳон, операторони тоҷикии алоқаи барқӣ мустақим ба системаи байнулмилалии шабакаҳои кабелии зериобии интернет тариқи Покистону Афғонистон пайваст шуданд.
“Пайвастшавӣ ба онҳо имкониятҳо ва фурсатҳои нав, аз қабили дастрасии мустақим ба манбаъҳо ва платформаҳои сатҳи байнулмилалии интернет, марказҳои ҷаҳонии мубодилаи иттилоот ва маълумот, суръати баланди пайвастшавӣ ва ҳамзамон арзиши муносиб барои операторон ва мутаносибан барои истифодабарандагони одиро фароҳам сохт”, - гуфт сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Вай афзуд, аз оғози соли равон ба ин сӯ арзиши воридоти интернет ба кишвар 30% кам ва ҳаҷми воридоти он ба ҳудуди Тоҷикистон 2 маротиба зиёд карда шуд.
“Дар натиҷа ҳоло тамоми ширкатҳои мобилии Тоҷикистон арзиши бастаҳои интернетӣ аз 20% то 50% коҳиш ёфт” – гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Тибқи иттилоъи расмӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 6 ширкати алоқаи мобилӣ ва 15 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит фаъолият мекунанд. Арзиши тарифаҳои провайдерони интернети собит ё ноқилӣ ба таври миёна 55% ва дар баъзе маврид қариб се баробар коҳиш дода шуда, қарор аст тарифаҳое, ки бо суръати пасттар аз 5Мбит/с кор мекунанд, бекор шаванд.
“Қаблан суръати интернети собит аз 0,5 Мбит/с шурӯъ мешуд. Ҳол қарор аст суръати интернет то охири соли ҷорӣ ба 30 Мбит/с ва то се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад”, - гуфт Исфандиёри Саъъдулло.
Вай қайд кард, ки то ин замон ширкатҳои Тоҷикистон интернетро аз Ӯзбекистону Қирғизистон мегирифтанд, ки онҳо дар навбати худ онро аз кишварҳои дигар ворид мекарданд.
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, талошҳои ин ниҳод бар он аст, ки дар воридоти интернет як танаввуъ ё диверсификатсияро ба вуҷуд орад.