https://sputnik.tj/20250322/uitkoff-kiev-intikhobot-prezident-rozi-shud-1066684436.html
Киев ба баргузории интихоботи президентӣ розӣ шуд - Уиткофф
Киев ба баргузории интихоботи президентӣ розӣ шуд - Уиткофф
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан, кишвардори Амрико гуфта буд, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Украина бояд то охири соли равон баргузор гардад 22.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-22T16:57+0500
2025-03-22T16:57+0500
2025-03-22T16:57+0500
дар ҷаҳон
амрико
украина
интихобот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1c/1057401200_0:0:2644:1487_1920x0_80_0_0_c0cef401738c5e7f881b6c71b0f8c95d.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 март – Sputnik. Фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико иддао дорад, ки Киев барои баргузории интихобот дар Украина розӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости. Стивен Уиткофф дар мусоҳиба бо хабарнигори амрикоӣ Такер Карлсон чунин изҳор дошт:Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Зеленский шонси пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳури Украинаро надорад. Вай қайд кард, ки рейтинги Зеленский имрӯз аз рақиби сиёсии наздиктаринаш Валерий Залужний, фармондеҳи собиқи қувваҳои мусаллаҳи Украина ду маротиба камтар аст. Ҳамчунин, Трамп, президенти Амрико низ гуфта буд, ки агар Украина мехоҳад сари мизи музокирот шинад бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад."Онҳо (мақомоти Украина. - идора.) мехоҳанд дар сари мизи музокирот нишастанд, аммо шумо метавонед бигӯед... оё мардуми Украина овоз надоранд? Онҳо муддати тӯлонӣ интихоботи президенти нагузаштаанд", - гуфт Трамп. Вай таъкид кард, ки ташаббуси баргузории интихоботи президентӣ дар Украина аз Русия нест, балки “аз ман аст”. Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки интихоботи президентӣ дар Украина то охири сол баргузор шавад.
https://sputnik.tj/20250225/putin-ukraina-sari-qudrat-boshad-1066355789.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1c/1057401200_0:0:2529:1897_1920x0_80_0_0_30f78851154b9988ce9218f5c939b541.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амрико, украина, интихобот, сиёсат
дар ҷаҳон, амрико, украина, интихобот, сиёсат
Киев ба баргузории интихоботи президентӣ розӣ шуд - Уиткофф
Қаблан, кишвардори Амрико гуфта буд, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Украина бояд то охири соли равон баргузор гардад
ДУШАНБЕ, 22 март – Sputnik. Фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико иддао дорад, ки Киев барои баргузории интихобот дар Украина розӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Стивен Уиткофф дар мусоҳиба бо хабарнигори амрикоӣ Такер Карлсон чунин изҳор дошт:
"Онҳо ба ин розӣ шуданд. Дар Украина интихобот баргузор мешавад".
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Зеленский шонси пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳури Украинаро надорад. Вай қайд кард, ки рейтинги Зеленский имрӯз аз рақиби сиёсии наздиктаринаш Валерий Залужний, фармондеҳи собиқи қувваҳои мусаллаҳи Украина ду маротиба камтар аст.
Ҳамчунин, Трамп, президенти Амрико низ гуфта буд, ки агар Украина мехоҳад сари мизи музокирот шинад бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад.
"Онҳо (мақомоти Украина. - идора.) мехоҳанд дар сари мизи музокирот нишастанд, аммо шумо метавонед бигӯед... оё мардуми Украина овоз надоранд? Онҳо муддати тӯлонӣ интихоботи президенти нагузаштаанд", - гуфт Трамп.
Вай таъкид кард, ки ташаббуси баргузории интихоботи президентӣ дар Украина аз Русия нест, балки “аз ман аст”.
Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки интихоботи президентӣ дар Украина то охири сол баргузор шавад.