https://sputnik.tj/20250322/mmd-tojikiston-idm-beshtar-rushd-1066677603.html
ММД-и Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ бештар рушд кардааст
ММД-и Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ бештар рушд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯи афзоиши ММД миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 пешсаф будаанд
2025-03-22T10:21+0500
2025-03-22T10:21+0500
2025-03-22T11:06+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ммд
рушд
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094889_0:272:3158:2048_1920x0_80_0_0_94e4403c46474e11745f099af9c4d83c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИДМ дар соли гузашта 4,4%-ро ташкил дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ хабар додааст."Суръати баландтарини афзоиш дар Тоҷикистон - 8,4% ва Қирғизистон - 9% ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар гузориш.Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, афзоиши ММД дар кишварҳои дигари ИДМ низ мушоҳида шудааст.Аз ҷумла рушди ММД дар Озарбойҷон – 4,1%, Арманистон – 5,9%, Беларус – 4%, Қазоқистон – 4,8%, Молдова – 0,6%, Русия – 4,1%, Туркманистон – 6,3%, Узбекистон – 6,5% ба қайд гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Тоҷикистон то охири соли 2024 бештар аз 154,3 миллиард сомонӣ буд.Тавре Вазорати рушди иктисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, 10 сол пеш, дар соли 2015 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 51 миллиард сомониро ташкил медод.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бонки аврупоии таҷдиду Рушд (БАТР) рушди ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2025 пешгӯи карда буд.Бар асоси маълумоти таҳлилӣ, чунин бармеояд, ки афзоиши ММД дар кишвар дар соли 2024 8% ва дар соли 2025 7% хоҳад буд, мегӯянд коршиносони бонк. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба далели афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтор ва талаботи дохилӣ сурат хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20250101/panjyaki-mmd-i-tojikiston-ba-dushanbe-rost-meoyad-1065739543.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094889_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_b2022dad6f42f9e42cd5a7bb17261d0a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, ммд, рушд, идм, рушд
тоҷикистон, иқтисод, ммд, рушд, идм, рушд
ММД-и Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ бештар рушд кардааст
10:21 22.03.2025 (Навсозишуда: 11:06 22.03.2025) Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯи афзоиши ММД миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 пешсаф будаанд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИДМ дар соли гузашта 4,4%-ро ташкил дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ хабар додааст.
"Суръати баландтарини афзоиш дар Тоҷикистон - 8,4% ва Қирғизистон - 9% ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар гузориш.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, афзоиши ММД дар кишварҳои дигари ИДМ низ мушоҳида шудааст.
Аз ҷумла рушди ММД дар Озарбойҷон – 4,1%, Арманистон – 5,9%, Беларус – 4%, Қазоқистон – 4,8%, Молдова – 0,6%, Русия – 4,1%, Туркманистон – 6,3%, Узбекистон – 6,5% ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Тоҷикистон то охири соли 2024 бештар аз 154,3 миллиард сомонӣ буд.
Тавре Вазорати рушди иктисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, 10 сол пеш, дар соли 2015 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 51 миллиард сомониро ташкил медод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бонки аврупоии таҷдиду Рушд (БАТР) рушди ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2025 пешгӯи карда буд.
Бар асоси маълумоти таҳлилӣ, чунин бармеояд, ки афзоиши ММД дар кишвар дар соли 2024 8% ва дар соли 2025 7% хоҳад буд, мегӯянд коршиносони бонк. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба далели афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтор ва талаботи дохилӣ сурат хоҳад гирифт.