https://sputnik.tj/20250321/saforat-shahrvandon-tojikiston-turkiya-ishtirok-etirozho-khuddori-1066673122.html
Сафорат аз шаҳрвандон Тоҷикистон дар Туркия хост аз иштирок дар эътирозҳо худдорӣ кунанд
Сафорат аз шаҳрвандон Тоҷикистон дар Туркия хост аз иштирок дар эътирозҳо худдорӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Анқара аз шаҳрвандоне, ки дар Туркия қарор доранд, даъват кардааст, ки аз иштирок дар эътирозҳои умумӣ худдорӣ намоянд
2025-03-21T14:57+0500
2025-03-21T14:57+0500
2025-03-21T14:57+0500
дар тоҷикистон
туркия
шаҳрвандон
эътироз
худдорӣ
сафорат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102167/98/1021679890_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_273733a686400ea720eda7ed2a57b929.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар робита ба руйдодҳои рӯзҳои охир Сафорати Тоҷикистон дар Анкара аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор доранд, даъват кардааст, ки аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ дар қаламрави Туркия рӯзҳои наздик худдорӣ намоянд.Ин огоҳинома ахиран дар саҳифаи cафорат дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд.Сафорат таъкид кардааст, ки дар ҳолати пеш омадани вазъияти ғайримуқаррарӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба ин намояндагии дипломатӣ занг зананд.Чанд рӯз аст, ки дар Истанбул ва Анқара тазоҳуроти густарда барои ҳимоят аз шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул Акрем Имомуғлу мегузарадДар ин рӯзҳо ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Туркия барои норозигӣ аз боздошти шаҳрдори Истанбул ба эътироз баромаданд.Шаҳрдори Истанбул рӯзи 19-уми март бо иттиҳоми фасод ва ёрӣ ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шудааст.Ба иттилои расонаҳои Туркия, дар умум, дар доираи ин парванда наздик ба 100 нафар сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон дастгир шудаанд.Бояд гуфт, ки Акрам Имомуғлу рақиби асосии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи президентӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20250315/turkiya-sozish-marz-tojikiston-qirghiziston-istiqbol-kard-1066578501.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102167/98/1021679890_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2b4b821b8a3dd4d50ad13a9064840d82.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафорат, туркия, иштирок, эътирозҳо, худдорӣ, шаҳрвандон
тоҷикистон, сафорат, туркия, иштирок, эътирозҳо, худдорӣ, шаҳрвандон
Сафорат аз шаҳрвандон Тоҷикистон дар Туркия хост аз иштирок дар эътирозҳо худдорӣ кунанд
Сафорати Тоҷикистон дар Анқара аз шаҳрвандоне, ки дар Туркия қарор доранд, даъват кардааст, ки аз иштирок дар эътирозҳои умумӣ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар робита ба руйдодҳои рӯзҳои охир Сафорати Тоҷикистон дар Анкара аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор доранд, даъват кардааст, ки аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ дар қаламрави Туркия рӯзҳои наздик худдорӣ намоянд.
Ин огоҳинома ахиран дар саҳифаи cафорат дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд.
Сафорат таъкид кардааст, ки дар ҳолати пеш омадани вазъияти ғайримуқаррарӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба ин намояндагии дипломатӣ занг зананд.
Чанд рӯз аст, ки дар Истанбул ва Анқара тазоҳуроти густарда барои ҳимоят аз шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул Акрем Имомуғлу мегузарад
Дар ин рӯзҳо ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Туркия барои норозигӣ аз боздошти шаҳрдори Истанбул ба эътироз баромаданд.
Шаҳрдори Истанбул рӯзи 19-уми март бо иттиҳоми фасод ва ёрӣ ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шудааст.
Ба иттилои расонаҳои Туркия, дар умум, дар доираи ин парванда наздик ба 100 нафар сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон дастгир шудаанд.
Бояд гуфт, ки Акрам Имомуғлу рақиби асосии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи президентӣ мебошад.