Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем

© Foto / Мегафон ТаджикистанМегафон Таджикистан
Мегафон Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
То аввали моҳи март ширкати "МегаФон Тоҷикистон" дар тамоми манотиқи кишвар 60 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ (ПБ)-ро ба кор даровард.
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Соли ҷорӣ шумораи умумии пойгоҳҳои нави базавии 4G/LTE, ки дар ин майдонҳо насб шудаанд ва дар диапазонҳои басомади гуногун кор мекунанд, аз 100 адад гузашт.
Сохтмони фаъолонаи шабакаи насли чорум ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҳукумат дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияҳо идома дорад.
Дар оғози соли 2025 ширкат шумораи бештари пойгоҳҳои нави базавии 4G-ро дар вилояти Хатлон роҳандозӣ намудааст. Дар ин ҷо шабакаи "МегаФон Тоҷикистон" бо зиёда аз 20 ПБ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак, Данғара ва ноҳияҳои Ч.Балхӣ, Восеъ, Ҷайхун, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Фархор, Хуросон ва Ёвон васеъ карда шуд.
Дар ҷои дуюм вилояти Суғд қарор дорад, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен 14 майдони пойгоҳи базавӣ фаъол гардид.
Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав ва дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, аз ҷумла Ванҷ, Дарвоз, Мурғоб ва Рӯшон шабакаи "МегаФон Тоҷикистон" тақвият дода шудааст.
МегаФон Таджикистан: как стать счастливым сотрудником - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
"МегаФон Тоҷикистон": чӣ тавр корманди саодатманд шуда метавонем
Ҳамгироии пойгоҳҳои нави базавӣ суръати интернети мобилиро баланд бардошта, ҷиҳати дастрасии хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.
"Солҳои 2025-2030дар кишварамон "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия"эълон гардиданд. Бо мақсади вусъат бахшидан ва пайваста васеъ намудани digital-сервисҳо, мо аз рӯзҳои аввали моҳи январ фаъолона пойгоҳҳои базавиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор медарорем.
Ҳамаи ин тасмимҳо барои қонеъгардонии талаботи замон ва интизориҳои муштариёни мо равона гардидааст", – мегӯяд Директори генералии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Анатолий Изюмников.
Лентаи хабарҳо
0