https://sputnik.tj/20250319/tojikiston-muzokiroti-sulhi-boku-erevan-istiqbol-1066627939.html
Тоҷикистон аз анҷоми музокироти сулҳи Боку ва Ереван истиқбол кард
Тоҷикистон аз анҷоми музокироти сулҳи Боку ва Ереван истиқбол кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳарчи зудтар таҳкими ҳуқуқии ин санад ба субот ва рушди минтақаи Қафқози Ҷанубӣ мусоидат мекунад
2025-03-19T12:03+0500
2025-03-19T12:03+0500
2025-03-19T12:03+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
арманистон
истиқбол
сиёсат
равобит
музокирот
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_7d537e41d8c329c9de32b364ad111205.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тоҷикистон аз анҷоми музокироти Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон оид ба матни созишномаи сулҳ ва барқарории равобити байнидавлатӣ миёни ду кишвар истиқбол мекунад.Дар ин бора вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор кардааст.Рӯзи 13 март вазорати умури хориҷии Арманистон хабар дод, ки тамоми 17 банди созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон мувофиқа шудааст ва ин кишвар барои машварат дар бораи вақт ва макони имзои он омода аст.Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон қайд кард, ки Боку омода аст, бо Ереван муколамаро дар мавриди ба эътидол овардани равобити дуҷониба идома диҳад.Ёдовар мешавем, ки қаблан Арманистон ва Озарбойҷон аз баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол намуданд.ВУХ Озарбойҷон дар изҳороти худ имзои созишнома дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро созишномаи таърихӣ номид ва қад кард, ин як қадами муҳимест, ки робитаҳои дӯстонаи байни ду халқ, инчунин субот ва шукуфоии Осиёи Марказиро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.“Мо ҳарду кишвари бародарро бо ин дастоварди назаррас аз таҳти дил табрик мегӯем”, - қайд карда буд мақомоти Озарбойҷон.Дар ҳамин ҳол вазорати хориҷаи Арманистон имзои созишномаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро яке аз беҳтарин намунаҳои ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ номид." Арманистон аз имзои Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон истиқбол мекунад. Ин яке аз беҳтарин намунаҳои ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ ва зуҳури иродаи сиёсии ду давлати ҳамсоя барои ҳамзистии осоишта ва шукуфоии мардуми онҳост", — омадааст дар изҳорот ВУХ-и Арманистон.
https://sputnik.tj/20240406/maskav-gharb-dunbol-khuruj-armaniston-spad-iiao-1062362626.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_3295ad083fa4d7b7adb05ce94c33e159.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, арманистон, сиёсат, санад, музокирот, сулҳ, истиқбол, вух-и тоҷикистон
тоҷикистон, озарбойҷон, арманистон, сиёсат, санад, музокирот, сулҳ, истиқбол, вух-и тоҷикистон
Тоҷикистон аз анҷоми музокироти сулҳи Боку ва Ереван истиқбол кард
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳарчи зудтар таҳкими ҳуқуқии ин санад ба субот ва рушди минтақаи Қафқози Ҷанубӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тоҷикистон аз анҷоми музокироти Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон оид ба матни созишномаи сулҳ ва барқарории равобити байнидавлатӣ миёни ду кишвар истиқбол мекунад.
Дар ин бора вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор кардааст.
"Мо итминон дорем, ки ҳарчи зудтар таҳкими ҳуқуқии ин санад як қадами муҳим дар роҳи мукаммал ва ба эътидол овардани равобити Озарбойҷону Арманистон буда, ба субот ва рушди минтақаи Қафқози Ҷанубӣ мусоидат мекунад ", - қайд кардааст вазорат.
Рӯзи 13 март вазорати умури хориҷии Арманистон хабар дод, ки тамоми 17 банди созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон мувофиқа шудааст ва ин кишвар барои машварат дар бораи вақт ва макони имзои он омода аст.
Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон қайд кард, ки Боку омода аст, бо Ереван муколамаро дар мавриди ба эътидол овардани равобити дуҷониба идома диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Арманистон ва Озарбойҷон аз баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол намуданд.
ВУХ Озарбойҷон дар изҳороти худ имзои созишнома дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро созишномаи таърихӣ номид ва қад кард, ин як қадами муҳимест, ки робитаҳои дӯстонаи байни ду халқ, инчунин субот ва шукуфоии Осиёи Марказиро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.
“Мо ҳарду кишвари бародарро бо ин дастоварди назаррас аз таҳти дил табрик мегӯем”, - қайд карда буд мақомоти Озарбойҷон.
Дар ҳамин ҳол вазорати хориҷаи Арманистон имзои созишномаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро яке аз беҳтарин намунаҳои ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ номид.
" Арманистон аз имзои Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон истиқбол мекунад. Ин яке аз беҳтарин намунаҳои ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ ва зуҳури иродаи сиёсии ду давлати ҳамсоя барои ҳамзистии осоишта ва шукуфоии мардуми онҳост", — омадааст дар изҳорот ВУХ-и Арманистон.