https://sputnik.tj/20250318/sozishnomai-tijorati-ozod-iiao-eron-etibor-paydo-1066622012.html
Маълум шуд, ки созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон кай эътибор пайдо мекунад
Маълум шуд, ки созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон кай эътибор пайдо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Татбики созишномаи нав воситаи инкишофи тиҷорат байни кишварҳо хоҳад шуд ва дар ояндаи наздик ба зиёд шудани додугирифти мутақобил кумак мекунад
2025-03-18T18:11+0500
2025-03-18T18:11+0500
2025-03-18T18:11+0500
иқтисод
ииао
авруосиё
тиҷорат
созишнома
эътибор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061207043_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_18d8d02610a9e1bf3791c53e7d020b31.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Созишномаи дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон аз 15 майи соли ҷорӣ эътибор пайдо мекунад.Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев хабар дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Гуфта мешавад, ки Комиссия аз Эрон дар бораи анҷоми расмиёти зарурии дохилӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома огоҳинома гирифтааст.Моҳи январи соли равон ҷониби Эрон дар бораи анҷоми тамоми расмиёти ИИАО огоҳ карда шуд."Мутобиқи муқаррароти Созишнома пас аз табодули нотаҳои тасдиқкунандаи анҷоми расмиёти зарурӣ барои эътибор пайдо кардани ин санад муҳлати 60 рӯз пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, Созишнома аз 15 майи соли 2025 эътибор пайдо мекунад", — қайд кард Слепнев.Татбиқи созишномаи нав як воситаи муассири рушди тиҷорати байни кишварҳо шуда, дар ояндаи наздик ба гардиши коло мусоидат карда, онро ба андозаи рекорди 12 миллиард доллар мерасонад.Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба ҳаҷми, ки ҳоло мавҷуд аст тақрибан ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, илова намуд хадамоти матбуоти ин ниҳод.Қаблан порлумони Эрон ин тавофуқро тасвиб кард ва баъд аз он барои тасвиб ба Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосӣ фиристода шуд. Рӯзи 2 март намояндаи расмии ин ниҳоди назоратӣ аз тасвиби ин созишнома хабар дод ва гуфт, ки он хилофи Қонуни асосӣ нест.
https://sputnik.tj/20250312/mmd-davlatho-iiao-du-barobar-afzoish-yoft-1066539011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061207043_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_9111896a1df2a2c7e994f4f2cf84b4bf.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, тиҷорат, авруосиё, эрон, созишнома, эътибор, додугирифт, иқтисод
ииао, русия, тиҷорат, авруосиё, эрон, созишнома, эътибор, додугирифт, иқтисод
Маълум шуд, ки созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон кай эътибор пайдо мекунад
Татбики созишномаи нав воситаи инкишофи тиҷорат байни кишварҳо хоҳад шуд ва дар ояндаи наздик ба зиёд шудани додугирифти мутақобил кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Созишномаи дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон аз 15 майи соли ҷорӣ эътибор пайдо мекунад.
Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев хабар дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Гуфта мешавад, ки Комиссия аз Эрон дар бораи анҷоми расмиёти зарурии дохилӣ барои эътибор пайдо кардани созишнома огоҳинома гирифтааст.
Моҳи январи соли равон ҷониби Эрон дар бораи анҷоми тамоми расмиёти ИИАО огоҳ карда шуд.
"Мутобиқи муқаррароти Созишнома пас аз табодули нотаҳои тасдиқкунандаи анҷоми расмиёти зарурӣ барои эътибор пайдо кардани ин санад муҳлати 60 рӯз пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, Созишнома аз 15 майи соли 2025 эътибор пайдо мекунад", — қайд кард Слепнев.
Татбиқи созишномаи нав як воситаи муассири рушди тиҷорати байни кишварҳо шуда, дар ояндаи наздик ба гардиши коло мусоидат карда, онро ба андозаи рекорди 12 миллиард доллар мерасонад.
Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба ҳаҷми, ки ҳоло мавҷуд аст тақрибан ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, илова намуд хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Қаблан порлумони Эрон ин тавофуқро тасвиб кард ва баъд аз он барои тасвиб ба Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосӣ фиристода шуд. Рӯзи 2 март намояндаи расмии ин ниҳоди назоратӣ аз тасвиби ин созишнома хабар дод ва гуфт, ки он хилофи Қонуни асосӣ нест.