Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Парлумони Тоҷикистон созишнома дар бораи марз бо Қирғизистонро ба тасвиб расонд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗдание парламента республики Таджикистан
Здание парламента республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Обуна шудан
Ин санад дар бораи ҳудудҳои баҳсбарангез руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек пас аз тақрибан 23 соли музокирот ба имзо расонданд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ ва тасвиб расонданд.
Ин санадро рӯзи 13-уми март руасои ҷумҳури ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек баъд аз тақрибан 23 соли музокирот ба имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст намояндагони порлумон асноди дигаре, ки дар пойтахти Қирғизистон ба имзо расида буданд: Созишнома дар бораи сохтмон ва истифодабарии шоҳроҳҳо, беҳдошт ва истифодаи чорроҳаҳо, ҳамчунин Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обу энержиро ба тасвиб расонданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Зимнан, тамоми хатти сарҳад, ки солҳои зиёд муайян нашуда буд, аломатгузорӣ шуд.
Подписание двусторонних документов по итогам переговоров президентов Кыргызстана Садыра Жапарова и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Мушкилоти марзӣ миёни ду кишвар пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад – ва он замон ҷонибҳо дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба тавофуқ нарасиданд.
Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Лентаи хабарҳо
0