Аз Туркия то Италия: брендҳои ҷаҳонӣ дар “Ҷашни заргарӣ” ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Амир ИсаевВыставка ремесленников в Исмаилитском центре в Душанбе
Выставка ремесленников в Исмаилитском центре в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2025
Обуна шудан
Дар форум қарор аст, ки ҳудуди 50 ширкати заргарии маҳаллӣ ва беш аз 200 намоянда аз брендҳо, ҳунармандони инфиродӣ ва тарроҳони заргарӣ ширкат намоянд
ДУШАНБЕ, 16 март – Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз баргузории ду рухдоди марбут ба саноати заргарӣ хабар дод.
Қарор аст теъдоди бузурге аз заргарони ҷаҳон дар Форуми байнулмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти унвони “Дар саргаҳи хазонаи Амударё”, ки 24 ба 26 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Темур Ёрибек, сардори Раёсати равобити байнулмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни баргузории як нишасти матбуотӣ гуфт, дар форум ҳудуди 50 ширкати заргарии маҳаллӣ ва беш аз 200 намоянда аз брендҳо, ҳунармандони инфиродӣ ва тарроҳони заргарӣ ширкат хоҳанд кард.
“Дар айни ҳол ин теъдод аз ширкаткунандагони хориҷӣ ризоияти худро барои ширкат дар маъракаҳои заргарии Душанбе таъйид кардаанд ва интизор дорем, ки теъдоди ширкаткунандагон афзойиш хоҳад ёфт, зеро як теъдоди бузурги дигар ҳанӯз ширкати худро таъйид накардаанд”, - гуфт Темур Ёрибек.
Вай афзуд, як даъватномаи хос ба вазорати саноати Русия фиристода, хоста шудааст, ки ҳузури ширкатҳои русӣ дар ин маъракаҳо густардатар бошад, зеро соли равон як соли вижа аст.
“Ин солест, ки чанд сафари сатҳи баланд дар назар аст ва ҳам Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро ба зимма дорад, ки мехоҳад дар тақвияти ҳамкориҳои миёни аъзои созмон саҳми худро гузорад”, - гуфт сардори Раёсати равобити байнулмилалии Вазорати саноат.
Дни Навруза на Старом Арбате в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2024
Кадом маҳсулоти Тоҷикистон метавонад дар бозорҳои маҷозии фурӯш машҳур бошад?
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Комбинати каҳрабои Калининград аз ширкати худ дар форуму намоишгоҳ дар Душанберо таъйид кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати саноати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Русия, Аморати муттаҳидаи араб, Покистон, Туркия, Италия ва Аврупои шарқӣ ширкат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0