https://sputnik.tj/20250315/tojikiston-muboriza-marg-modar-kudak-purzur-mekunad-1066574777.html
Тоҷикистон мубориза алайҳи марги модару кӯдакро пурзӯр мекунад
Тоҷикистон мубориза алайҳи марги модару кӯдакро пурзӯр мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласае вазъи маргу мири модару кӯдакро баррасӣ кард 15.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-15T10:30+0500
2025-03-15T10:30+0500
2025-03-15T10:30+0500
дар тоҷикистон
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062124146_0:111:3067:1836_1920x0_80_0_0_e68d679700b798a0f7aff6e4b32a54b1.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ барои мубориза бо марги модару кӯдак таъсис мешавад. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласа изҳор дошт. Вай зикр кард, ки дар сохтори нав мутахассисони соҳаи солимии репродуктивӣ, акушерӣ ва дигар ихтисосҳо шомиланд. Тавре зикр гардид, ҳадаф аз таъсиси чунин як гурӯҳи корӣ расонидани ёрии методӣ ба кормандони соҳаи тиб дар навоҳии дурдаст мебошад, ки дар навбати худ ба пешгирии марги модару кӯдак мусоидат мекунад.Ҳамзамон, ширкаткунандагон дар ҷаласа вазъи кунунии кумаки тиббӣ ба модарону кӯдаконро дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор доданд. Дар фарҷоми ҷаласа Абдуллозода ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳо дод. Ёдовар мешавем, ки тибқи омори Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, дар соли 2024 фавти модарон 3,7% афзуда, ба 100 ҳазор кӯдак 24,4 ҳолатро ташкил додааст.Дар баробари ин, фавти навзодон 0,2 % кам шуда, ба 12,3 ҳолат 1000 таваллуд рост меояд.
https://sputnik.tj/20250125/abdullozoda-pizishkon-bemoron-khushmuomila-boshand-1065993645.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062124146_169:99:2578:1906_1920x0_80_0_0_fb7e634c18b12c76b8f3f4d8c9e52906.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, тандурустӣ
дар тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, тандурустӣ
Тоҷикистон мубориза алайҳи марги модару кӯдакро пурзӯр мекунад
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласае вазъи маргу мири модару кӯдакро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ барои мубориза бо марги модару кӯдак таъсис мешавад.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласа изҳор дошт.
Вай зикр кард, ки дар сохтори нав мутахассисони соҳаи солимии репродуктивӣ, акушерӣ ва дигар ихтисосҳо шомиланд.
Тавре зикр гардид, ҳадаф аз таъсиси чунин як гурӯҳи корӣ расонидани ёрии методӣ ба кормандони соҳаи тиб дар навоҳии дурдаст мебошад, ки дар навбати худ ба пешгирии марги модару кӯдак мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, ширкаткунандагон дар ҷаласа вазъи кунунии кумаки тиббӣ ба модарону кӯдаконро дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Абдуллозода ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, дар соли 2024 фавти модарон 3,7% афзуда, ба 100 ҳазор кӯдак 24,4 ҳолатро ташкил додааст.
Дар баробари ин, фавти навзодон 0,2 % кам шуда, ба 12,3 ҳолат 1000 таваллуд рост меояд.