https://sputnik.tj/20250314/putin-rahmon-sokhtmon-markaz-talim-dushanbe-oghoz-mebakhshand-1066571464.html
Путину Раҳмон ба сохтмони маркази таълимӣ дар Душанбе оғоз мебахшанд
Путину Раҳмон ба сохтмони маркази таълимӣ дар Душанбе оғоз мебахшанд
Sputnik Тоҷикистон
Маросими оғози сохтмон дар чаҳорчӯби сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия баргузор мешавад 14.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-14T17:58+0500
2025-03-14T17:58+0500
2025-03-14T17:58+0500
дар тоҷикистон
русия
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659041_0:0:3014:1696_1920x0_80_0_0_20d8b57488acd51b90643d600c742d87.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври маҷозӣ дар маросими оғози сохтмони ду иншоот дар Душанбе ширкат мекунанд,хабар медиҳад Кремл.Сухан дар бораи Маркази таълимии байналхалқӣ ва Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский меравад.Ин дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, ки аз 15 то 17 март идома мекунад, сурат мегирад. Дар ҷараёни он мулоқоти сарвари ҷумҳурӣ бо раҳбари Русия Владимир Путин дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки созишномаи бунёди Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2023 баста шуда буд. Тибқи лоиҳа, омӯзиш тибқи стандартҳои таълимии ду кишвар сурат мегирад. Марказ барои 500 нафар донишҷӯён пешбинӣ шуда, имкони истиқомати солона барои 300 нафарро дорад.Барои сохтмони театри драмавии ба номи Маяковский дар Душанбе 1 гектар замин ҷудо шудааст. Корҳои ибтидоӣ аз моҳи январи соли ҷорӣ идома доранд. Бино барои 500 тамошобин пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20250314/rahmon-rusiya-meravad-1066569695.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659041_270:0:3001:2048_1920x0_80_0_0_2e5ef5c8ccf0c20bd7df8d8279c8708b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, владимир путин, сиёсат
дар тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, владимир путин, сиёсат
Путину Раҳмон ба сохтмони маркази таълимӣ дар Душанбе оғоз мебахшанд
Маросими оғози сохтмон дар чаҳорчӯби сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври маҷозӣ дар маросими оғози сохтмони ду иншоот дар Душанбе ширкат мекунанд,хабар медиҳад Кремл.
Сухан дар бораи Маркази таълимии байналхалқӣ ва Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский меравад.
"Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сохтмони Маркази байналмилалии таълимии кӯдакони болаёқат ва Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе тариқи видеоконфронс ширкат мекунанд", - омадааст дар хабар.
Ин дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, ки аз 15 то 17 март идома мекунад, сурат мегирад. Дар ҷараёни он мулоқоти сарвари ҷумҳурӣ бо раҳбари Русия Владимир Путин дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи бунёди Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2023 баста шуда буд. Тибқи лоиҳа, омӯзиш тибқи стандартҳои таълимии ду кишвар сурат мегирад. Марказ барои 500 нафар донишҷӯён пешбинӣ шуда, имкони истиқомати солона барои 300 нафарро дорад.
Барои сохтмони театри драмавии ба номи Маяковский дар Душанбе 1 гектар замин ҷудо шудааст. Корҳои ибтидоӣ аз моҳи январи соли ҷорӣ идома доранд. Бино барои 500 тамошобин пешбинӣ шудааст.