Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ният дорад соҳаи кишоварзиро рушд диҳад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых в Краснодарском крае
Уборка зерновых в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Обуна шудан
Иттиҳодия бояд бахши кишоварзӣ ва озуқавории худро дар асоси амалҳои ҳамоҳангшуда дигаргун созад, таъкид шуд зимни мизи мудаввар
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дурнамои рушди устувори бахши кишоварзиро баррасӣ кард
Тавре хадамоти матбуоти Комиссия хабар додааст ахиран як чорабинӣ бахшида ба рушди устувори кишоварзӣ дар кишварҳои узви ИИАО баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки ширкаткунандагони мизи мудаввар равишҳои таҳлил ва моделсозии оқибатҳои ҷорӣ кардани андози барои партоби карбон дар соҳаи кишоварзиро дар кишварҳои иттиҳод баррасӣ шуд.
Илова бар ин, дар мулоқот мавзуҳои муҳими экологӣ, аз қабили нақши кишоварзии сабз дар коҳиши партобҳои гулхонаӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатӣ байни истеҳсолкунандагони органикӣ баррасӣ шуданд.
Тавре директори департаменти сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Найра Карепетян дар суханронии худ қайд намуд, дар ҷаҳони муосир рушди устувори комплекси агросаноатӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Зеро кишоварзӣ бевосита бо истифодаи сарватхои табиӣ алокаманд буда, ба муҳити зист таъсири калон мерасонад.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2025
Тӯли 10 сол ММД дар давлатҳои ИИАО ду баробар афзоиш ёфт
"Барои коҳиш додани оқибатҳо дар ИИАО, тағирот дар системаҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар асоси амалҳои ҳамоҳангшуда ва мутобиқсозии соҳа ба воқеияти кунунӣ зарур аст", - гуфт ӯ.
Қаблан маълум шуд, ки барои кишоварзони тоҷик фурӯши коло аз тариқи ИИАО фоидаовартар аст.
Ба гуфтаи Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Оҷонсии содироти Тоҷикистон, содироти саноатии ҷумҳурӣ дар як сол 22% афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, корхонаҳои кишвар ба истиснои металлҳои қиматбаҳо дар соли 2024 ба маблағи тақрибан 1,6 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ содир кардаанд.
Дар мавриди бахши кишоварзӣ бошад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 56,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2023 18% зиёдтар аст.
Ба гуфтаи ин мансабдор, содирот метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, аммо интиқоли мол тавассути ИИАО барои содиркунандагон фоидаовартар аст.
Лентаи хабарҳо
0