Артиши Русия шаҳри Суҷа ва деҳаҳои Меловой ва Подолии вилояти Курскро озод карданд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий батальонной тактической группы в Суджанском районе Курской области
Военнослужащий батальонной тактической группы в Суджанском районе Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиш дар як рӯзи ахир шаҳри Суҷа ва деҳаҳои Меловой ва Подолро дар вилояти Курск озод карданд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия эълом кард, ки артиш шаҳри Суҷа ва ду рустои вилояти Курскро дубора таҳти назорат гирифт.
"Дар ҷараёни амалиёт воҳидҳои гурӯҳи низомии “шимол”-и артиши Русия маҳалҳои аҳолинишини Меловая, Подол ва шаҳраки Суҷаро озод карданд", — хабар додааст вазорати дифоъ.
Ғайр аз ин, сарбозони гурӯҳи "Шимол" дар минтақаҳои Гоголевка, Гончаровка, Гуево, Заолешенка, Запселе, Олешня, Рубаншина ва Суҷа ҳафт бригадаи артиши Украина ва як гурӯҳи ҳамлагаронро комилан нобуд кард.
Ичрокунандаи вазифаи волии вилояти Курск Александр Хинштейн дар бораи озод карда шудани шаҳраки Суҷа таъкид кард, ки "поксозии сарзамини Курск босуръат идома дорад" ва рӯзи ғалаба наздик аст.
Освобожденные населенные пункты в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия 12 деҳаи вилояти Курскро аз нерӯҳои украинӣ озод карданд
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи нерӯҳои вижаи РУсия “Ахмат” Апти Алауддинов нерӯҳои украинӣ ба тарафи вилояти Суммаи Украина фирор доранд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Суҷа воҳима гирифтааст, онҳо аз ҳудуди вилояти Курск шитобон ба сӯи Сума ақибнишинӣ карда, техникаву аслиҳаро партофтанд, гуфт фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Ахмат", генерал-майор Апти Алаудинов.
"Душман ба саросемагӣ Суҷаро тарк карда, қаламрави Русияро тарк кардааст. Мо аз ҳама ҷо сабт мекунем, ки душман чӣ гуна фирор мекунад, техника, лавозимот ва аслиҳаро партофта ва ба самти марз фирор дорад", - гуфт генерали рус.
Лентаи хабарҳо
0