https://sputnik.tj/20250312/wildberries-tojikiston-kay-boz-meshavad-1066534744.html
Маълум шуд, Wildberries дар Тоҷикистон кай боз мешавад
Маълум шуд, Wildberries дар Тоҷикистон кай боз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи ин ширкати русӣ гуфт, аввалин нуқтаи Wildberries дар Тоҷикистон маҳз дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ мекунад 12.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-12T13:52+0500
2025-03-12T13:52+0500
2025-03-12T14:54+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
ииао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064589192_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d150deb92fa32e6b21ad8a06edbb64e3.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бозори Wildberries дар Тоҷикистон моҳи апрел ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора намояндаи ширкати русӣ Екатерина Жученко ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Илова бар ин, вай маълумоти қаблӣ дар бораи ифтитоҳи нуқтаи қабул дар рӯзи 21 мартро рад кард.Ба гуфтаи вай, ифтитоҳи нахустин нуқта дар нимаи дуюми моҳи апрел дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки сарусадоҳо дар бораи ворид шудани “Wildberries” ба бозори Тоҷикистон тайи чанд соли ахир паҳн шуда буд. Дар баробари ин, санаи ифтитоҳи фаъолият пайваста ба таъхир меафтод. Сабаб, ба гуфтаи асосгузори ин бозор Татяна Ким, он буд, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест. Вай қайд кард, ки берун аз ИИАО дар масъалаи таъминоти логистикӣ мушкилоти муайян вуҷуд дорад, зеро дар дохили иттиҳодия расмиёти марбут ба гардиши ҳуҷҷатҳо ва андозбандӣ соддатар аст. Дар робита ба ин, бозор барои таҳияи харитаи масир барои кишварҳое, ки аъзои ассотсиатсия нестанд, вақти зиёд лозим буд.
https://sputnik.tj/20241005/rahbari-wildberries-dar-borai-zamoni-vurud-ba-bozori-tojikiston-izhori-nazar-kard-1064602863.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064589192_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2b4980b97c9b7bc56841284d5a658a96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон wildberries иқтисод душанбе
тоҷикистон wildberries иқтисод душанбе
Маълум шуд, Wildberries дар Тоҷикистон кай боз мешавад
13:52 12.03.2025 (Навсозишуда: 14:54 12.03.2025) Эксклюзив
Намояндаи ин ширкати русӣ гуфт, аввалин нуқтаи Wildberries дар Тоҷикистон маҳз дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бозори Wildberries дар Тоҷикистон моҳи апрел ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Дар ин бора намояндаи ширкати русӣ Екатерина Жученко ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Илова бар ин, вай маълумоти қаблӣ дар бораи ифтитоҳи нуқтаи қабул дар рӯзи 21 мартро рад кард.
"Мо эълон накарда будем, ки дар Наврӯз ифтитоҳ мекунем, ин як навъ маълумоти бардурӯғ аст... Мо расман иттилоъ додем, ки корро аз моҳи апрел шурӯъ мекунем", - қайд кард Жученко.
Ба гуфтаи вай, ифтитоҳи нахустин нуқта дар нимаи дуюми моҳи апрел дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки сарусадоҳо дар бораи ворид шудани “Wildberries” ба бозори Тоҷикистон тайи чанд соли ахир паҳн шуда буд.
Дар баробари ин, санаи ифтитоҳи фаъолият пайваста ба таъхир меафтод.
Сабаб, ба гуфтаи асосгузори ин бозор Татяна Ким, он буд, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест. Вай қайд кард, ки берун аз ИИАО дар масъалаи таъминоти логистикӣ мушкилоти муайян вуҷуд дорад, зеро дар дохили иттиҳодия расмиёти марбут ба гардиши ҳуҷҷатҳо ва андозбандӣ соддатар аст.
Дар робита ба ин, бозор барои таҳияи харитаи масир барои кишварҳое, ки аъзои ассотсиатсия нестанд, вақти зиёд лозим буд.