Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар тӯли 30 сол

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард. Ин 12-умин сафари ӯ ба ҷумҳурии ҳамсоя ба ҳайси президент аст
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзҳои 12-13 март дар Қирғизистон хоҳад буд. Ба гузориши Sputnik Тоҷикистон, ин 12-умин сафари раҳбари Тоҷикистон ба ҷумҳурии ҳамсоя ба унвони раисиҷумҳур аст.
Раҳмон нахустин сафари расмии худро ба Қирғизистон дар соли 1998 дар замони раисиҷумҳур Аскар Акаев анҷом дода буд.
Ба дунбол, сарвари давлат солҳои тӯлонӣ дар мавридҳои гуногун аз Қирғизистон боздид кард.
Ҳамин тавр, Раҳмон дар соли 2007 ду бор ба кишвари ҳамсоя сафар кард: барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва сипас бо як сафари давлатӣ.
Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2016 аз Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ва соли 2019 аз нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар қаламрави Қирғизистон дидан кардааст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ду рӯз - 12 ва 13 март идома хоҳад кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар дод.
Раҳмонро Ҷабборов ботантана дар фурудгоҳи Манас пешвоз гирифт -акс
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар, раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек созишномаи марзиро имзо мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуъотии раисҷумҳури Қирғизистон.
Лентаи хабарҳо
0