Дар Тоҷикистон санаи оғози таътили баҳорӣ барои мактаббачагон эълон шуд

© SputnikШкольники в классе изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде
Школьники в классе изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Обуна шудан
Ҳафтаи оянда мактаббачагон дар Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ фиристода мешаванд. Хонандагони синфхои 1—11 то 30 март дар таътил хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи 21 март дар мактбаҳои ҷумҳурӣ таътили баҳорӣ оғоз мегардад.
Дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ба охир мерасад. Ҳамин тавр мактаббачагон бояд рӯзи 31 март ба мактабҳои худ баргарданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд.
Тавре вазорати маориф қайд кард, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 25 то 29 март расман таътили 5 рӯз муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз рӯзи 21-ум оғоз мешавад, ки ба ифтихори он то 30-юми март рӯзҳои истироҳат эълон шудааст.
Ба ин муносибат таътили мактаббачагон 10 руз давом мекунад.
Донишҷӯён бошад, аз 21 то 26 март таътил бароянд.
Илова бар ин, санаи дақиқи Иди Фитр то ҳол расман маълум нест, он метавонад ба 31 март рост ояд, пас ин рӯз низ рӯзи истироҳат хоҳад буд ва рӯзҳои истироҳад тамдид мешавад.
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳо чӣ гуна мегузарад?
Қаблан маълум шуд, ки тоҷикон дар моҳи март ду ҳафта таътил хоҳанд дошт.
Дар соли 2025 дар ин моҳ сокинони Тоҷикистон якбора се ид – Рӯзи Модар, Наврӯз ва Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон, ки дар ҷумҳурӣ расман Рӯзи модар номида мешавад, аз 8 то 10 март рӯзи истироҳат буд.
Ҳамин тавр, Рӯзи Модар ба рӯзи шанбе рост меояд, аз ин рӯ, тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ба шаҳрвандон рӯзи истироҳати иловагӣ дода мешавад ва рӯзи 10 март, ки ба душанбе рост меояд рӯзи истироҳат табдил меёбад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ хабар доданд, бо дарназардошти рӯзҳои истироҳат ва санаҳои бахшида ба Рӯзи Модар, Наврӯз ва Рамазон, дар моҳи аввали баҳор 16 рӯзи истироҳат пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0