Мақомот: Ҳангоми сафар ба Русия аз дасти шахсони ношинос бағоҷу ҳуҷҷатҳо нагиред

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрибытие поездов из Средней Азии в Москву
Прибытие поездов из Средней Азии в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Обуна шудан
Мақомоти аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар фурудгоҳҳо аз дасти шахсони ношинос бағоҷ, ҳуҷҷатҳо ва ғайраро, ки таркибаш муайян нест нагиранд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар ба Русия ё зимни бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо аз дасти шахсони ношинос чизе нагиранд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҷумла аз дасти шахсони ношинос бағоҷу, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳое, ки таркибаш муайян нест, барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунед.
Намояндагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат хоҳиш кардаааст ки ҳангоми сафар дар дохили Русия аз як вилоят ба вилояти дигар аз интиқоли бағоҷҳои шахсони ношинос худдорӣ намоед.
Рейд по проверке документов  воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш кард, ки талаботҳои қонунгузории Русияро риоя намоянд
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиш (доставка) машғул ҳастанд, зимни қабули фармоиш аз фармоишгар ҳатман ашё ё баҷоғи интиқолшавандаро пурсон шаванд, ки дар дохили он чӣ мавҷуд аст.
Аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардашудааст, ки аз интиқоли ашёҳои иҷозаташон мамнуъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ аз дасти шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0