Дар қаламрави ИИАО музди меҳнати кадом кишвари узв бештар зиёд шудааст?

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкНовые купюры номиналом 200 и 2000 рублей
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Обуна шудан
Дар соли 2024 музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба таври назаррас боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз ҳама маош дар Русия ва Белорус зиёд шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ дар соли 2024 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Белорус (19,4%) ва Русия (18,3%) ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, маоши миёнаи номиналӣ дар соли гузашта: дар Арманистон - 287,1 ҳазор драми арман ($713), Беларус - 2,2 ҳазор рубли белорусӣ ($701), Қазоқистон - 402,6 ҳазор танга ($858), Қирғизистон - 37,3 ҳазор сом ($429), Русия - 87,9 ҳазор. рубл ($951).
© SputnikМузди меҳнат дар кишварҳои ИИАО чӣ гуна афзоиш ёфтааст?
Музди меҳнат дар кишварҳои ИИАО чӣ гуна афзоиш ёфтааст? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Музди меҳнат дар кишварҳои ИИАО чӣ гуна афзоиш ёфтааст?
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад.
Тибқи фармон аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи ба андозаи 40% зиёд карда мешавад.
Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Сотрудница швейного предприятия City Star Wear, расположенного на площадке технопарка Химград в Казани. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Коҳиши 20% сатҳи бекори дар қаламрави ИИАО
Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда гардид.
Лентаи хабарҳо
0