https://sputnik.tj/20250310/tojikiston-shumor-garmkhona-gidroponiki-afzoish-dihad-1066506829.html
Тоҷикистон нақша дорад, ки шумори гармхонаҳои гидропоникиро афзоиш диҳад
Тоҷикистон нақша дорад, ки шумори гармхонаҳои гидропоникиро афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар назар дошта шудааст, ки бо ҳамин роҳ таъминоти озуқавории ҷумҳурӣ зиёд карда, ҳамчунин чорво низ бо хӯрок таъмин карда шавад 10.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-10T10:41+0500
2025-03-10T10:41+0500
2025-03-10T10:41+0500
дар тоҷикистон
гармхона
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056697375_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_467945b57c3f907671e42a1f534bb542.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки шумори гармхонаҳои гидропоникиро афзоиш диҳад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, бо зиёд кардани чунин гармхонаҳо ҳам таъминоти озуқаворӣ беҳтар мегардад ва ҳамчунин чорво низ бо хӯрок таъмин хоҳад шуд.Вазорат мегӯяд, тавассути гармхонаҳои гидропоникӣ метавон тамоми сол чорворо бо хӯрок ғизо таъмин кард. Дар гармхонаҳои гидропонӣ ҳарорати махсуси 15—17 дараҷа нигоҳ дошта мешавад. Ин ба афзоиши босуръати ғалла мусоидат мекунад. БҲамин тарик, аз 1 килограмм ғалла дар як ҳафта 6 килограмм хӯроки сабзро бе нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ тайёр кардан мумкин аст.Ин амнияти озуқавории кишварро зиёд мекунад. Аҳамияти таъмини маводи ғизоӣ аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид шудааст.Қаблан маълум шуд, ки гардиши маҳсулоти кишоварзӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2024 афзоиш ёфтааст. Ҳамин тавр, суръати афзоиш ин соҳа соли гузашта 5% ташкил дод. Кишварҳо харитаи роҳеро амалӣ мекунанд, ки ба густариши тиҷорат ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ, инчунин дар соҳаи илму маориф нигаронида шудаанд.
https://sputnik.tj/20250305/rusiya-tojikiston-gardish-tijorat-mahsulot-kishovarzi-afzoish-1066453013.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056697375_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_8bb239d9a8636c3d9794f02365704685.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гармхона, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, гармхона, кишоварзӣ
Тоҷикистон нақша дорад, ки шумори гармхонаҳои гидропоникиро афзоиш диҳад
Дар назар дошта шудааст, ки бо ҳамин роҳ таъминоти озуқавории ҷумҳурӣ зиёд карда, ҳамчунин чорво низ бо хӯрок таъмин карда шавад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки шумори гармхонаҳои гидропоникиро афзоиш диҳад.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, бо зиёд кардани чунин гармхонаҳо ҳам таъминоти озуқаворӣ беҳтар мегардад ва ҳамчунин чорво низ бо хӯрок таъмин хоҳад шуд.
Вазорат мегӯяд, тавассути гармхонаҳои гидропоникӣ метавон тамоми сол чорворо бо хӯрок ғизо таъмин кард. Дар гармхонаҳои гидропонӣ ҳарорати махсуси 15—17 дараҷа нигоҳ дошта мешавад. Ин ба афзоиши босуръати ғалла мусоидат мекунад. Б
Ҳамин тарик, аз 1 килограмм ғалла дар як ҳафта 6 килограмм хӯроки сабзро бе нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ тайёр кардан мумкин аст.
Ин амнияти озуқавории кишварро зиёд мекунад. Аҳамияти таъмини маводи ғизоӣ аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид шудааст.
Қаблан маълум шуд, ки гардиши маҳсулоти кишоварзӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2024 афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, суръати афзоиш ин соҳа соли гузашта 5% ташкил дод. Кишварҳо харитаи роҳеро амалӣ мекунанд, ки ба густариши тиҷорат ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ, инчунин дар соҳаи илму маориф нигаронида шудаанд.