https://sputnik.tj/20250309/vakili-rus--tojikiston-zabon-farhang-rusiya-munosibati-dilsuzona-1066494540.html
Вакили рус: Дар Тоҷикистон ба забон ва фарҳанги Русия муносибати дилсӯзона доранд
Вакили рус: Дар Тоҷикистон ба забон ва фарҳанги Русия муносибати дилсӯзона доранд
Sputnik Тоҷикистон
Тавре муовини якуми раиси Комитети Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ қайд кард, дар Тоҷикистон забони русиро аз синфи дуюм меомузанд
2025-03-09T10:26+0500
2025-03-09T10:26+0500
2025-03-10T12:04+0500
дар тоҷикистон
забони русӣ
русия
вакили дума
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/97/1026689759_0:241:4669:2867_1920x0_80_0_0_d2987a1d4b83b5bcf8444cfa5f0baa73.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Точикистон муносибати дилсӯзона ба забон ва фарҳанги рус ҳифз шудааст ва роҳбарони ҷумҳурӣ барои дастгирии он корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.Дар ин бора дар сӯҳбат бо ТАСС муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ Казбек Тайсаев, изҳор доштааст.Ин вакили парлумон дар Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар интихоботи парлумонӣ, ки рӯзи 2 март баргузор шуд, ҳузур дошт.Ба гуфтаи ӯ, бештари маконҳое, ки нозирон дидан кардаанд, дар мактабҳо ҷойгир буданд.Тайсаев зикр кард, ки нозирон, аз ҷумла, аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Д.Менделееви шаҳри Турсунзода дидан карданд. Вай ин муассисаро "беҳтарин мактаб" тавсиф кард.Забони русӣ дар Тоҷикистон дар Конститутсия ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо сабт шудааст. Дар як катор мактабхои кишвар таълим пурра ба забони русӣ сурат мегирад. Дар он муассисаҳои таълимӣ, ки раванди таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, забони русӣ барои таҳсил ҳатмӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ ӣо кумаки Русия панҷ мактаб сохта шудааст (соли 2022 ифтитоҳ шудааст, таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои русӣ сурат мегирад);24 декабри соли 2024 Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки Русия теъдоди омӯзгоронашро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Дар навбати худ роҳбари ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон қариб дар 4,5 ҳазор мактаб забони русӣ таълим дода мешавад.Қаблан Семён Григорев, сафири Русия дар Душанбе дар гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ ниёзи хоса доранд.Ба ин тартиб, вай гуфт, аз 41,2 ҳазор донишҷӯи тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, беш аз 33 ҳазор нафарашон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.Илова бар ин, Григорев хабар дод, ки дар сурати дархости ҷониби Тоҷикистон Русия омода аст филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистонро афзоиши густариш диҳад.
https://sputnik.tj/20241220/sanjishhoi-zaboni-rusi-kudakon-muhojir-maktab-roygon-1065596677.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/97/1026689759_263:0:4407:3108_1920x0_80_0_0_5c3f97c2101cd208b9ea2dbdb3f159ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, вакил, парлумон, фарҳанг, забон, муносибат, дисӯзона, маориф
тоҷикистон, русия, вакил, парлумон, фарҳанг, забон, муносибат, дисӯзона, маориф
Вакили рус: Дар Тоҷикистон ба забон ва фарҳанги Русия муносибати дилсӯзона доранд
10:26 09.03.2025 (Навсозишуда: 12:04 10.03.2025) Тавре муовини якуми раиси Комитети Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ қайд кард, дар Тоҷикистон забони русиро аз синфи дуюм меомузанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Точикистон муносибати дилсӯзона ба забон ва фарҳанги рус ҳифз шудааст ва роҳбарони ҷумҳурӣ барои дастгирии он корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Дар ин бора дар сӯҳбат бо ТАСС муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ Казбек Тайсаев, изҳор доштааст.
Ин вакили парлумон дар Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар интихоботи парлумонӣ, ки рӯзи 2 март баргузор шуд, ҳузур дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бештари маконҳое, ки нозирон дидан кардаанд, дар мактабҳо ҷойгир буданд.
"Мо мушоҳида кардем, ки мардуми тоҷик ба забони русӣ чӣ гуна муносибат мекунанд. Мо чунин муносибати дилсӯзона ба забони русӣ, фарҳанги русӣ, адабиёти русро дар дигар кишварҳо надидаем, ки дар Тоҷикистон дидем. Забони русиро дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон аз синфи дуюм меомӯзанд", - гуфт вакили парлумон.
Тайсаев зикр кард, ки нозирон, аз ҷумла, аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Д.Менделееви шаҳри Турсунзода дидан карданд. Вай ин муассисаро "беҳтарин мактаб" тавсиф кард.
"Дар Тоҷикистон дар самт дастгирии забони русӣ ва фарҳанги русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешавад", - афзуд вакили парулмони Русия.
Забони русӣ дар Тоҷикистон дар Конститутсия ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо сабт шудааст. Дар як катор мактабхои кишвар таълим пурра ба забони русӣ сурат мегирад. Дар он муассисаҳои таълимӣ, ки раванди таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, забони русӣ барои таҳсил ҳатмӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ ӣо кумаки Русия панҷ мактаб сохта шудааст (соли 2022 ифтитоҳ шудааст, таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои русӣ сурат мегирад);
24 декабри соли 2024 Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки Русия теъдоди омӯзгоронашро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Дар навбати худ роҳбари ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон қариб дар 4,5 ҳазор мактаб забони русӣ таълим дода мешавад.
Қаблан Семён Григорев, сафири Русия дар Душанбе дар гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ ниёзи хоса доранд.
Ба ин тартиб, вай гуфт, аз 41,2 ҳазор донишҷӯи тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, беш аз 33 ҳазор нафарашон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Илова бар ин, Григорев хабар дод, ки дар сурати дархости ҷониби Тоҷикистон Русия омода аст филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистонро афзоиши густариш диҳад.