Комиссияи иқтисодии АвруОсиё: Дар ИИАО нақши занон дар тамоми бахшҳо назаррас аст

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии Риа-Новости / Гузариш ба медиабонкЕАЭС 2023. Работа форума
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2025
Обуна шудан
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нақши занон дар ҳама соҳаҳо мунтазам меафзояд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нақши занон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар тамоми бахшҳо мунтазам меафзояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
"Барои иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё занон захираи арзишманди инсонӣ мебошанд. Нақши онҳо дар ҳама соҳаҳо мунтазам меафзояд. Ва инро таҳлили сохтори шуғл тасдиқ мекунад", - таъкид кардааст Комиссия.
Ҳамин тариқ, дар Беларус ва Русия нисфи аҳолии шуғлро занон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол дар Қазоқистон ин рақам ба 48%, Арманистон 44%, дар Қирғизистон 39% рост меояд.
Заместитель министра труда, миграции и занятости населения Таджикистана Шахноза Нодири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2025
Мақомот гуфт дар Тоҷикистон чанд зани соҳибкор фаъолият дорад
Тавре аз хадамоти матбуоти ин ниҳод қайд кардааст , мисоли афзоиши нақши занон дар ИИАО Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки дар ин ниҳод 54% кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран гуфт, ки ҳоло дар кишвар 25% хизматчиёни давлатӣ, 73% кормандони соҳаи маориф, 71% кормандони соҳаи тиб, 47% кормандони соҳаи фарҳанг, 37% олимон ва 30% соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.
Қайд кард, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд
Лентаи хабарҳо
0