https://sputnik.tj/20250307/tojikiston-panjgonai-kharidoron-mahsuloti-qannodii-rusiya-1066480811.html
Тоҷикистон ба панҷгонаи харидорони маҳсулоти қаннодии Русия шомил шуд
Тоҷикистон ба панҷгонаи харидорони маҳсулоти қаннодии Русия шомил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони маркази Агроэкспорт мегӯянд, соли гузашта интиқоли маҳсулоти қаннодӣ аз Русия ба кишварҳои хориҷ 14% афзоиш ёфтааст
2025-03-07T11:54+0500
2025-03-07T11:54+0500
2025-03-07T11:54+0500
дар тоҷикистон
русия
харидорӣ
содирот
ширинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/06/1066480173_0:153:3097:1895_1920x0_80_0_0_1ccd25d7867c51ef4c98657452190dfe.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Содироти маҳсулоти қаннодӣ аз Русия дар соли 2024 9,4% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора маркази федеролии "Агроэкспорт" бо такя ба таҳлили муқаддамотии коршиносон хабар додааст.Гуфта мешавад, ки соли гузашта Русия ба хориҷи кишвар беш аз 670 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ содирот намудааст. Ин нисбат ба соли 2023 9,4 баробар зиёд будааст.Дар баробари ин, содироти маҳсулоти қаннодӣ 14 фоиз афзуда, то 331 ҳазор тоннаро ташкил дод. Арзиши ин навъи маҳсулот 13% афзуда, беш аз 670 миллион долларро ташкил дод.Аз рӯи кишварҳо, харидори аслии маҳсулоти қаннодии Русия Қазоқистон – 104 ҳазор тонна будааст.Беларус бо 66 ҳазор тонна дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Чин бо 26 ҳазор тонна дар сегонаи аввал қарор гирифтааст.Ҷойи чорумро Қирғизистон бо 24 ҳазор тонна гирифт.Тоҷикистон бо харидории 18 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар панҷгона харидорони аслӣ ҷой гирифтааст.Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти “Агроэкспорт”, иқтидори содироти маҳсулоти қаннодӣ ба хориҷа то соли 2030 940 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.Русия солҳост шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буд.Бино ба маълумоти Агентии содироти кишвар, гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2024 ба 1 миллиарду 980 миллион доллар (дар соли 2023 – 1 миллиарду 710 миллион доллар) баробар шуда, 266,8 миллион доллар ё 15,6% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250305/rusiya-tojikiston-gardish-tijorat-mahsulot-kishovarzi-afzoish-1066453013.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/06/1066480173_184:0:2915:2048_1920x0_80_0_0_8fd02d7cbcecacb83febff11f055d1dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қаннодӣ, маҳсулот, харидор, русия, панҷгона, содирот
тоҷикистон, қаннодӣ, маҳсулот, харидор, русия, панҷгона, содирот
Тоҷикистон ба панҷгонаи харидорони маҳсулоти қаннодии Русия шомил шуд
Коршиносони маркази Агроэкспорт мегӯянд, соли гузашта интиқоли маҳсулоти қаннодӣ аз Русия ба кишварҳои хориҷ 14% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Содироти маҳсулоти қаннодӣ аз Русия дар соли 2024 9,4% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора маркази федеролии "Агроэкспорт" бо такя ба таҳлили муқаддамотии коршиносон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки соли гузашта Русия ба хориҷи кишвар беш аз 670 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ содирот намудааст. Ин нисбат ба соли 2023 9,4 баробар зиёд будааст.
Дар баробари ин, содироти маҳсулоти қаннодӣ 14 фоиз афзуда, то 331 ҳазор тоннаро ташкил дод. Арзиши ин навъи маҳсулот 13% афзуда, беш аз 670 миллион долларро ташкил дод.
Аз рӯи кишварҳо, харидори аслии маҳсулоти қаннодии Русия Қазоқистон – 104 ҳазор тонна будааст.
Беларус бо 66 ҳазор тонна дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Чин бо 26 ҳазор тонна дар сегонаи аввал қарор гирифтааст.
Ҷойи чорумро Қирғизистон бо 24 ҳазор тонна гирифт.
Тоҷикистон бо харидории 18 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар панҷгона харидорони аслӣ ҷой гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти “Агроэкспорт”, иқтидори содироти маҳсулоти қаннодӣ ба хориҷа то соли 2030 940 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.
Русия солҳост шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буд.
Бино ба маълумоти Агентии содироти кишвар, гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2024 ба 1 миллиарду 980 миллион доллар (дар соли 2023 – 1 миллиарду 710 миллион доллар) баробар шуда, 266,8 миллион доллар ё 15,6% афзоиш ёфтааст.