Содироти Эрон ба кишварҳои узви ИИАО дар 10 моҳ 22% афзоиш ёфт

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2025
Обуна шудан
Эрон ҳамкориҳояшро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвият дода, содироташро ба кишварҳои узви Иттиҳод дар давоми 10 моҳ 22% афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 7мар — Sputnik. Намояндаи Созмони рушди тиҷорати Эрон гуфт, содироти ғайринафтии Эрон ба кишварҳои узви Иттищодияи иқтисодии АвруОсиё дар 10 моҳи аввали соли тақвими Эрон 22% афзоиш ёфтааст.
Акбари Годарӣ, мудири кулли Дафтари таблиғоти тиҷории Эрон дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия гуфт, содироти ғайринафтии ин кишвар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз 21 марти соли 2024 то 20 январи соли 2025 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки аз 21 марти соли 2024 то 20 январи соли 2025 Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳод ба маблағи 1 миллиарду 631 миллион доллар колоҳои ғайринафтӣ содирот кардааст.
Президент Ирана Масуд Пезешкиан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Пизишкиён: Ҳамкорӣ бо ИИАО ба Эрон барои муқовимат бо таҳримҳо кумак мекунад
Вай илова кард, ки арзиши колоҳои ғайримолӣ аз Эрон ба кишварҳои узви иттиҳодия аз 21 марти соли 2023 то 20 январи соли 2024 ба 1 миллиарду 338 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Оқои Годарӣ афзуд, ки дар ин муддат Эрон аз кишварҳои узви ИИАО ба маблағи 1 миллиарду 274 миллион доллар колоҳои ғайринафтӣ ворид намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% камтар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра бозорҳои аслии содиротии Эрон Русия ва Арманистон буданд.
Вай афзуд, Эрон аз 21 марти соли 2024 то 20 январи соли 2025 ба Русия ба маблағи 889 миллион доллар колоҳои ғайри нафтӣ содирот кардааст.
Лентаи хабарҳо
0