Зоҳидӣ вазири варзиши Эронро ба Тоҷикистон барои таҷлили Наврӯз даъват кард

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2025
Обуна шудан
Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, бар тақвияти ҳамкории байни ду кишвар таъкид кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ахиран бо Аҳмад Дунёмолӣ, вазири варзишу ҷавонони Эрон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Дар ин дидори вазири эронӣ изҳор дошт, ки дар дидоре, ки бо вазири варзиши Тоҷикистон доштааст, ӯ алоқаи зиёде ба ҳамкорӣ бо Эрон доштааст.
“Мо ин омодагиро дорем, ки дар ҳавзаҳои мухталиф бо якдигар ҳамкорӣ кунем. Хотироти хубе аз кишвари Тоҷикистон дорам ва қатъан аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар риштаҳои мухталифи варзишӣ истиқбол мекунам”, - таъкид кард вазири варзиш ва ҷавонони Эрон.
Вай афзуд, ки муносиботи хуб байни Эрону Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҳамзабонии ду кишвар кумак мекунад, ки дар бахшҳои мухталиф аз зарфияти якдигар истифода кунем.
Аҳмад Дунёмолӣ изофа кард, ки Эрон хеле алоқаманд ҳаст, варзиши паҳливониро дар Тоҷикистон тавсеа диҳанд.
“Соли оянда қарор аст мусобиқоти зӯрхонаӣ қаҳрамонии Осиё ба мизбонии Эрон баргузор шавад ва мехоҳем, ки Тоҷикистон бо тамоми қува дар ин мусобиқот ҳозир шавад”,- таъкид кард вазири эронӣ.
Дар ҳамин ҳол, оқои Зоҳидӣ дар ин дидор гуфт, боиси хушҳолист, ки ду кишвар иртиботи бисёр хуб бо ҳам доранд.
Вид на телекоммуникационную башню Милад в западном Тегеране, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Сафир: Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши фановарист
Сафири тоҷик таъкид кард, ки ахирани 72 санади байни Эрону Тоҷикистон ба имзо расид, ки нишондиҳанда иродаи ду кишвар барои иртиботи беҳтар аст.
“Дар бахши варзиш низ ҳамкориҳои зиёде анҷом шуда аммо бояд талош кунем, ки равобит беҳтар шавад. Мақомоти Тоҷикистон тамоюл доранд, ки ҳамкориҳои густарда бо кишвари Эрон ба вижа дар бахш варзишӣ дошта бошанд”, - қайд кард Зоҳидӣ.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон изофа кард, ки ҷашнвораи ҷавонони Наврӯз ба мизбонии Тоҷикистон ва бо ҳузури кишварҳои дӯст баргузор мешавад ва аз вазири варзиши Эрон низ даъват мекунем, ки дар ин маросим ҳузур дошта бошанд.
Вай идома дод, ки умедворам дар соли ҷадид ҳамкориҳои муштаракии байни Теҳрону Душанбе барқарор шавад.
“Ҳафтаи ҷавон барои мо хеле муҳим аст, умедворам, ки дар барномаҳоямон пазироии миҳмононе аз Эрон бошем. Кишвари мо кишвар ҷавонӣ аст ва дар ҳавза ҷавонон метавонем иқдомоти хуберо анҷоми диҳем”, - таъкид кард сафири Тоҷикистон дар Теҳрон.
Лентаи хабарҳо
0