Қирғизистон аз таҷрибаи НБО "Роғун" дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарата истифода хоҳад кард

© Foto / Кабинет министров КР / ULUKBEK SHAMBETOVПредседатель Кабинета Министров Кыргызстана Адылбек Касымалиев посетил Рогунскую ГЭС
Председатель Кабинета Министров Кыргызстана Адылбек Касымалиев посетил Рогунскую ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2025
Обуна шудан
Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Қирғизистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" шинос шуд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ҳамроҳ бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Неругоҳи барқи обии "Роғун" сафар кард ва аз ҷараёни сохтмон шинос шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Адилбек Касималиев дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон ба ҷуз аз музокирот бо мақомоти Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода, ба Роғун сафар кард.
Гуфта мешавад, ки ин сафарро нахуствазири Тоҷикистон шахсан роҳнамоӣ кардааст.
© Foto / Кабинет министров КР / ULUKBEK SHAMBETOVПредседатель Кабинета Министров Кыргызстана Адылбек Касымалиев посетил Рогунскую ГЭС
Председатель Кабинета Министров Кыргызстана Адылбек Касымалиев посетил Рогунскую ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2025
Председатель Кабинета Министров Кыргызстана Адылбек Касымалиев посетил Рогунскую ГЭС
"Омӯзиши технология ва усулҳои дар ин ҷо истифодашаванда бешубҳа ба мо дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии Қамбара -1, ки барои амнияти энергетикии кишварамон ва тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, мусоидат хоҳад кард", - хулоса кард ӯ.
Рохбарони НБО “Роғун” дар навбати худ ба раиси Девони вазирони Қирғизистон дар бораи хусусиятҳои техникии нерӯгоҳ ва нақши он дар таъмини амнияти энергетикии минтақа маълумот дод.
Глава Кабмина Кыргызстана Адылбек Касымалиев и Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода провели расширенные переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд
Ёдовар мешавем, ки раиси Девони вазирони Қирғизистон бо як сафари корӣ аз Тоҷикистон дидан кард.
Дар ҷараёни сафари худ ӯ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, аз ҷумла дар ҳайати васеъ мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои барқарорсозии парвозҳори мустақим ва ҳамлу нақлро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0