https://sputnik.tj/20250304/prezident-sokhtor-dodgoh-dodsiton-taghyirot-kadri-anjom-dod-1066451320.html
Президент дар сохтори додгоҳӣ ва додситонӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Президент дар сохтори додгоҳӣ ва додситонӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik Тоҷикистон
Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд 04.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-04T18:42+0500
2025-03-04T18:42+0500
2025-03-04T18:41+0500
дар тоҷикистон
президент
тағйироти кадрӣ
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/04/1066448494_0:18:2048:1170_1920x0_80_0_0_bab227d55b1ab4bc7690fd72fc1d4e9e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо судури чанд фармон дар сохторҳои додситонӣ дар додгоҳ тағйироти кадрӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтариматбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзуд, муовин, раиси додгоҳҳо ва сардорони баъзе аз раёсатҳои таъйину барканор гардиданд.Манбаъ афзуд, бо фармонҳои алоҳидаи президент “раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд”.Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, додситонҳои шаҳри Норак, ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Исмоили Сомон, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Додситони кулли, ин додситон дар вилояти Хатлон ва сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаи дастгоҳи марказии Додситони кулл “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону пуртаҷриба таъин карда шуданд”.Хадамоти матбуотӣ навиштааст, ки аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд.Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштааст.Президент ба роҳбарони масъули соҳаҳо супориш додааст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
https://sputnik.tj/20240228/peshnihodi-prezident-rozigii-parlumon-sud-prokuratura-1061869261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/04/1066448494_322:0:2048:1294_1920x0_80_0_0_243cdbfba9fbedd4afe710fd7e7b7d15.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, президент, тағйироти кадрӣ, сиёсат , эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, президент, тағйироти кадрӣ, сиёсат , эмомалӣ раҳмон
Президент дар сохтори додгоҳӣ ва додситонӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо судури чанд фармон дар сохторҳои додситонӣ дар додгоҳ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтариматбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзуд, муовин, раиси додгоҳҳо ва сардорони баъзе аз раёсатҳои таъйину барканор гардиданд.
Манбаъ афзуд, бо фармонҳои алоҳидаи президент “раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд”.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, додситонҳои шаҳри Норак, ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Исмоили Сомон, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Додситони кулли, ин додситон дар вилояти Хатлон ва сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаи дастгоҳи марказии Додситони кулл “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону пуртаҷриба таъин карда шуданд”.
Хадамоти матбуотӣ навиштааст, ки аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
Президент ба роҳбарони масъули соҳаҳо супориш додааст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.