Дар фурудгоҳҳои Русия имкони бозшавии гузаргоҳҳои алоҳида барои табааи кишварҳои ИИАО аст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРабота нового терминала аэропорта
Работа нового терминала аэропорта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2025
Обуна шудан
Ташаббус метавонад ба марказҳои муҳоҷират низ ҷорӣ карда шавад, ки ин барои ноил шудан ба ҳадафҳои иттиҳодияи ҳамгироӣ мусоидат мекунад.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар фурудгоҳҳо ва марказҳои муҳоҷирати Русия имокн дорад, барои убури шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё долонҳои алоҳида боз шавад.
Ин иқдомро сафири Қирғизистон дар Федератсияи Русия Кубаничбек Боконтаев зимни мулоқот бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федеролии ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон Леонид Калашников баён дошт.
Қайд карда мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ сафир пешниҳод кардааст, ки дар фурудгоҳҳо ва марказҳои муҳоҷират "дар Маскав ва тамоми Русия" барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО гузаргоҳҳои алоҳида (коридорҳо) ва равзанаҳои хидматрасонӣ кушода шаванд.
Работа станкостроительного завода ООО Южный завод тяжелого станкостроения в Краснодаре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2025
Коҳиши бекори дар қаламрави ИИАО
Боконтаев ба зарурияти дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда нигоҳ доштан ва таъмин намудани тамоми шароитҳои имтиёзнок барои меҳнаткашони давлатҳои аъзои иттиҳодия таваҷҷуҳи хоса кард
Ба гуфтаи ӯ, ин барои расидан ба ҳадафҳои иттиҳодияи ҳамгироӣ мусоидат мекунад.
Қаблан маълум шуда буд, ки дар кишварҳои узви ИИАО сатҳи бекорӣ қариб чоряк баробар коҳиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё, ҳоло дар хадамоти шуғли ин иттиҳодия 572,2 ҳазор нафар сабти ном шудаанд.
Шумораи бекорон дар иттиҳодия дар охири соли 2024 қариб 19,4% кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0