https://sputnik.tj/20250301/rustam-emomali-tojikistoniyon-moh-ramazon-tabrik-guft-1066405185.html
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро бо оғози моҳи Рамазон табрик гуфт
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро бо оғози моҳи Рамазон табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи рӯзадорӣ ғамхории волидон, аёдати пиронсолону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, камбағалон ва ниёзмандон муҳим аст, ёдовар шуд ӯ 01.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-01T12:52+0500
2025-03-01T12:52+0500
2025-03-01T12:52+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
рамазон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/01/1065740651_0:60:1280:780_1920x0_80_0_0_429e0cee672ad862af7d898ffb2cc57b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раиси парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон ба ҳамватанон ва сокинони пойтахт муроҷиат кард. Дафтари матбуоти раиси палатаи болоии парлумони кишвар хабар дод, ки ӯ сокинонро бо оғози моҳи муборак табрик гуфт. Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, ки дар моҳи рӯзадорӣ ғамхории волидон, аёдати пиронсолону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, камбизоатон ва ниёзмандон муҳим аст.Ба эътиқоди раиси парлумон, дар баробари ин аз хатарҳои мухталифи фаромиллӣ эмин будан, аз ҳад зиёд ва исрофкорӣ канорагирӣ кардан муҳим аст. Мардуми кишвар бояд баҳри ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашанд, гуфт дар хотима ӯ. Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон аз 1 март оғоз шуда, то 30-юм идома хоҳад кард. Дар моҳи Рамазон мӯъминон дар соатҳои рӯз аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд. Илова бар ин, дар ин муддат сигор кашидан ва лаззатҳои ҷисмониро эҳсос кардан мумкин нест. Тибқи анъана, дар ин моҳ дар масҷидҳо вақт гузаронида, дар атрофи як дастархони калон ҷамъ омада, пас аз як рӯзи рӯзадорӣ тановул мекунанд. Мусулмонон дар ин давра бояд ба вижа саъй кунанд, то таҳаммулпазирӣ ва меҳрубонӣ кунанд ва ба ниёзмандон кумак кунанд.
https://sputnik.tj/20250228/rahmon-khayru-savob-mohi-ramazon-khosiyat-1066395648.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/01/1065740651_238:177:1043:780_1920x0_80_0_0_8f65894714a92aa781ac9bc39ed3829f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, рамазон, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, рамазон, иҷтимоъ
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро бо оғози моҳи Рамазон табрик гуфт
Дар моҳи рӯзадорӣ ғамхории волидон, аёдати пиронсолону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, камбағалон ва ниёзмандон муҳим аст, ёдовар шуд ӯ
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раиси парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон ба ҳамватанон ва сокинони пойтахт муроҷиат кард.
Дафтари матбуоти раиси палатаи болоии парлумони кишвар хабар дод, ки ӯ сокинонро бо оғози моҳи муборак табрик гуфт.
"Боиси хушнудист, ки шаҳрвандони кишвар ҳамасола ин рукни муҳими дини мубини исломро дар фазои орому осуда, бо ҳисси шукргузорӣ аз амнияту субот таҷлил мекунанд", - зикр кард Рустами Эмомалӣ.
Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, ки дар моҳи рӯзадорӣ ғамхории волидон, аёдати пиронсолону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, камбизоатон ва ниёзмандон муҳим аст.
Ба эътиқоди раиси парлумон, дар баробари ин аз хатарҳои мухталифи фаромиллӣ эмин будан, аз ҳад зиёд ва исрофкорӣ канорагирӣ кардан муҳим аст. Мардуми кишвар бояд баҳри ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашанд, гуфт дар хотима ӯ.
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон аз 1 март оғоз шуда, то 30-юм идома хоҳад кард.
Дар моҳи Рамазон мӯъминон дар соатҳои рӯз аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд. Илова бар ин, дар ин муддат сигор кашидан ва лаззатҳои ҷисмониро эҳсос кардан мумкин нест.
Тибқи анъана, дар ин моҳ дар масҷидҳо вақт гузаронида, дар атрофи як дастархони калон ҷамъ омада, пас аз як рӯзи рӯзадорӣ тановул мекунанд. Мусулмонон дар ин давра бояд ба вижа саъй кунанд, то таҳаммулпазирӣ ва меҳрубонӣ кунанд ва ба ниёзмандон кумак кунанд.