https://sputnik.tj/20250228/porlumoni-eron-sozishnomai-tijorati-iiao-tasvib-1066399639.html
Порлумони Эрон созишномаи муҳими тиҷоратӣ бо ИИАО-ро тасвиб кард
Порлумони Эрон созишномаи муҳими тиҷоратӣ бо ИИАО-ро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Гап сари ташкили як минтақаи озоди тиҷоратӣ меравад, ки тибқи он Эрон ва кишварҳои ИИАО метавонанд дар солҳои наздик табодули колоро се баробар афзоиш диҳанд
2025-02-28T19:01+0500
2025-02-28T19:01+0500
2025-02-28T19:01+0500
русия
эрон
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
созишнома
тасвиб
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1c/1066399063_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_ba6c004bea6111356eabe66ef69856a0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Порлумони Эрон таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Шӯрои иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд.Дар ин бора нашрияи эронии “Mehr” хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки созишнома дар охири моҳи март - апрел амалӣ хоҳад шуд."Ба гуфтаи Муҳаммад Отабак, вазири саноат, маъданҳо ва савдо, созишномаи тиҷоратӣ бо ИИАО аз ҷониби порлумони Эрон ба тасвиб расида, дар охири моҳи март-апрели соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд", - менависад агентӣ.Ба шарофатиминтақаи озоди тиҷорӣ, Эрон ва кишварҳои иттиҳод метавонанд дар солҳои наздик гардиши тиҷоратии худро се баробар афзоиш диҳанд, гуфт вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев.Ба гуфтаи вай, дар 5-7 сол ин рақам метавонад то ба 20 миллиард доллар афзоиш ёбад.Дар доираи минтақаи озоди тиҷоратӣ андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва маҳдудиятҳои воридоти молҳо бекор карда мешаванд. Ин шакли савдо инчунин имкон медиҳад, ки сармоягузории бештар ба кишвар ҷалб карда шавад.Ёдовар мешавем, ки миёни Эрон ва ИИАО аллакай як ёддошт дар бораи тиҷорати озод ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20250226/slepnev-sozishnoma-mintaqai-ozodi-tijorati-iiao-eron-1066373346.html
русия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1c/1066399063_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f6c4ff23b015ac761ed370931184bb23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, авруосиё, созишнома, тасвиб, тиҷорат
русия, ииао, авруосиё, созишнома, тасвиб, тиҷорат
Порлумони Эрон созишномаи муҳими тиҷоратӣ бо ИИАО-ро тасвиб кард
Гап сари ташкили як минтақаи озоди тиҷоратӣ меравад, ки тибқи он Эрон ва кишварҳои ИИАО метавонанд дар солҳои наздик табодули колоро се баробар афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Порлумони Эрон таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Шӯрои иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд.
Дар ин бора нашрияи эронии “Mehr” хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки созишнома дар охири моҳи март - апрел амалӣ хоҳад шуд.
"Ба гуфтаи Муҳаммад Отабак, вазири саноат, маъданҳо ва савдо, созишномаи тиҷоратӣ бо ИИАО аз ҷониби порлумони Эрон ба тасвиб расида, дар охири моҳи март-апрели соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд", - менависад агентӣ.
Ба шарофатиминтақаи озоди тиҷорӣ, Эрон ва кишварҳои иттиҳод метавонанд дар солҳои наздик гардиши тиҷоратии худро се баробар афзоиш диҳанд, гуфт вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев.
Ба гуфтаи вай, дар 5-7 сол ин рақам метавонад то ба 20 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Дар доираи минтақаи озоди тиҷоратӣ андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва маҳдудиятҳои воридоти молҳо бекор карда мешаванд. Ин шакли савдо инчунин имкон медиҳад, ки сармоягузории бештар ба кишвар ҷалб карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки миёни Эрон ва ИИАО аллакай як ёддошт дар бораи тиҷорати озод ба имзо расида буд.