https://sputnik.tj/20250227/maqomoti-kulob-tamini-sokinon-obi-nushoki-masraf-1066382361.html
Мақомоти шаҳри Кӯлоб барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ 12 млн. сомонӣ масраф мекунад
Мақомоти шаҳри Кӯлоб барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ 12 млн. сомонӣ масраф мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Кӯлоб эълон кардааст, ки дар шаҳр барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардид
2025-02-27T15:36+0500
2025-02-27T15:36+0500
2025-02-27T15:36+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
хатлон
оби нӯшокӣ
таъмин кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063625781_0:116:2120:1309_1920x0_80_0_0_37be114561dd6ad26cdda7089dc5ee4d.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Барои сари вақт кашонидани партовҳо, равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳо ва таъмини сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ соли равон 12,6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.Ба иттилои манбаъ, имсол татбиқи лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб", ки 16,2 миллион евроро ташкил медиҳад, ба анҷом мерасад.Бо татбиқи ин лоиҳа ғунҷоиши ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ дар шаҳр 21,5 ҳазор метри мукааб афзоиш ёфта, таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ беҳтар гардид.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ изҳори нигаронӣ карда буд.Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Зароббидин дар гузоришаш назди раиси вилояти Хатлон қайд карда буд, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.Ба гуфтаи вай, аз ҷумла 16 адад дегхонаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва 99 адад дегхонаҳои гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва корношоям мебошанд.Вай илова кард, ки мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ нигаронкунанда аст.Оқои Файзуллозода афзуд, ки ҳамзамон ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, канализатсия, ба пурагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сузишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст.Раиси вилоят Давлаталӣ Саид масъулинро муваззаф карда буд, ки сари ин масъала ҷиддӣ чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.“Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
https://sputnik.tj/20250221/baor-strategiyai-obi-tojikiston-bahoguzori-kard-1066320932.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063625781_235:0:2120:1414_1920x0_80_0_0_aef6274145de261d0cd8bb53a3a5fdaf.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, хатлон, оби нӯшиданӣ, таъмин, мақомот, пул, масраф, таъмин
тоҷикистон, кӯлоб, хатлон, оби нӯшиданӣ, таъмин, мақомот, пул, масраф, таъмин
Мақомоти шаҳри Кӯлоб барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ 12 млн. сомонӣ масраф мекунад
Мақомоти шаҳри Кӯлоб эълон кардааст, ки дар шаҳр барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Барои сари вақт кашонидани партовҳо, равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳо ва таъмини сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ соли равон 12,6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имсол татбиқи лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб", ки 16,2 миллион евроро ташкил медиҳад, ба анҷом мерасад.
Бо татбиқи ин лоиҳа ғунҷоиши ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ дар шаҳр 21,5 ҳазор метри мукааб афзоиш ёфта, таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ беҳтар гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Зароббидин дар гузоришаш назди раиси вилояти Хатлон қайд карда буд, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.
Ба гуфтаи вай, аз ҷумла 16 адад дегхонаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва 99 адад дегхонаҳои гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва корношоям мебошанд.
Вай илова кард, ки мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ нигаронкунанда аст.
Оқои Файзуллозода афзуд, ки ҳамзамон ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, канализатсия, ба пурагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сузишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид масъулинро муваззаф карда буд, ки сари ин масъала ҷиддӣ чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.
“Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд”, - гуфт Давлаталӣ Саид.