https://sputnik.tj/20250227/intikhoboti-porlumoni-khorij-tojikiston-ray-1066386505.html
Интихоботи порлумонӣ дар хориҷ: Тоҷикистониён дар куҷо метавонанд раъй диҳанд?
Интихоботи порлумонӣ дар хориҷ: Тоҷикистониён дар куҷо метавонанд раъй диҳанд?
Sputnik Тоҷикистон
2 март дар ҷумҳурӣ интихоботи вакилони парлумон, инчунин ба маҷлиси вакилони халқи вилояту ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад.
2025-02-27T18:06+0500
2025-02-27T18:06+0500
2025-03-01T19:19+0500
дар тоҷикистон
интихобот
парлумон
русия
хориҷ
интихоботи парлумонӣ дар тоҷикистон-2025
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/20/1030802014_0:14:1616:923_1920x0_80_0_0_5696db65a467b2e262698b9dcfbc7169.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Интихобот рӯзи якшанбе 2 март баргузор мешаванд.Дар намояндагихои дипломатӣ ва муассисахои консулии Тоҷикистон дар хориҷа низ ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд.Ҳамин тариқ, дар намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 кишвари ҷаҳон 36 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.Шумораи бештари қитъаҳои интихоботӣ дар Русия – 5 қитъаи интихоботӣ мавҷуд аст.Дар Русия тоҷикон имкон доранд, ки дар панҷ ҳавзаи интихоботӣ ба вакилон ва ҳизбҳои дилхоҳи худ раъй диҳанд.Аз ҷумла, дар Русия дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ дар Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа қитъаҳои интихоботӣ таъсис дода шудаанд.Дар кишварҳои ИДМ, ба ҷуз аз Русия, тоҷикон метавонанд дар Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус ва Украина овоз диҳанд. Дар Қазоқистон ҳатто ду ҳавза – дар назди сафорат ва консулгарии генералӣ боз шудааст.Илова бар ин, шумо метавонед дар интихоботи порлумони Тоҷикистон дар кишварҳои дури хориҷа низ овоз диҳед.Қариб дар тамоми ҷаҳон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ нуқтаҳои интихоботӣ мавҷуд хоҳанд буд. Дар баъзе кишварҳо ҳатто ду ҳавза вуҷуд доранд - масалан, дар ИМА шумо метавонед ҳам дар сафоратхона дар Вашингтон ва ҳам дар намояндагии доимии СММ дар Ню Йорк овоз диҳед.Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст, метавонанд дар интихоботи 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ ширкат кунанд.Барои ширкат дар интихобот шумо бояд шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон дошта бошед.Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботро имзо карда буд.Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мешавад.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/20/1030802014_142:0:1582:1080_1920x0_80_0_0_9b4fc27fab15d498557a133ab925317d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистӣон, интихобот, парлумон, хориҷ, ҳавзаҳои интихоботӣ, вакилон, ҳизб, маҷлис
тоҷикистӣон, интихобот, парлумон, хориҷ, ҳавзаҳои интихоботӣ, вакилон, ҳизб, маҷлис
Интихоботи порлумонӣ дар хориҷ: Тоҷикистониён дар куҷо метавонанд раъй диҳанд?
18:06 27.02.2025 (Навсозишуда: 19:19 01.03.2025) 2 март дар ҷумҳурӣ интихоботи вакилони парлумон, инчунин ба маҷлиси вакилони халқи вилояту ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Интихобот рӯзи якшанбе 2 март баргузор мешаванд.
Дар намояндагихои дипломатӣ ва муассисахои консулии Тоҷикистон дар хориҷа низ ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 кишвари ҷаҳон 36 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Шумораи бештари қитъаҳои интихоботӣ дар Русия – 5 қитъаи интихоботӣ мавҷуд аст.
Дар Русия тоҷикон имкон доранд, ки дар панҷ ҳавзаи интихоботӣ ба вакилон ва ҳизбҳои дилхоҳи худ раъй диҳанд.
Аз ҷумла, дар Русия дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ дар Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа қитъаҳои интихоботӣ таъсис дода шудаанд.
Дар кишварҳои ИДМ, ба ҷуз аз Русия, тоҷикон метавонанд дар Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус ва Украина овоз диҳанд. Дар Қазоқистон ҳатто ду ҳавза – дар назди сафорат ва консулгарии генералӣ боз шудааст.
Илова бар ин, шумо метавонед дар интихоботи порлумони Тоҷикистон дар кишварҳои дури хориҷа низ овоз диҳед.
Қариб дар тамоми ҷаҳон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ нуқтаҳои интихоботӣ мавҷуд хоҳанд буд. Дар баъзе кишварҳо ҳатто ду ҳавза вуҷуд доранд - масалан, дар ИМА шумо метавонед ҳам дар сафоратхона дар Вашингтон ва ҳам дар намояндагии доимии СММ дар Ню Йорк овоз диҳед.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст, метавонанд дар интихоботи 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ ширкат кунанд.
Барои ширкат дар интихобот шумо бояд шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон дошта бошед.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботро имзо карда буд.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мешавад.