Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад

Гулмаҳмадзода бо консулонаш омодагӣ ба интихобот ва мушкили муҳоҷиронро баррасӣ кард

© Foto / Совет Федерации РФПосол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо консулгариҳои омодагӣ баргузории интихоботивакилони парлумон ва гузаронидани он дар сатҳи баландро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҷаласаи кории навбатии Сафири Тоҷикистон бо ҳайати консулгариҳои генералӣ ва намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар дар Русия мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни нишаст масъалаҳои тадорукотию омодагӣ роҷеъ ба ташкил ва баргузории интихоботи вакилони парлумон дар сафорат ва дигар намояндагиҳои дипломатии кишвар дар минтақаҳои Русия баррасӣ гардида, аҳамияти муҳими ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани он таъкид карда шуд.
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Нозирони ИДМ: Маъракаи таблиғотӣ муътадил ва бе вайрон кардани қонунгузорӣ идома дорад
Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, мушкилиҳои онҳо дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0