Боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди ИИАО зиёд шуд

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкТрасса "Чита-Хабаровск" в Забайкальском крае
Трасса Чита-Хабаровск в Забайкальском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Обуна шудан
Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми интиқоли бору мусофир афзудааст.
Ба ин маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (7,1%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон – 13,8%, дар Беларус – 9,1%, дар Русия – 6,3%, дар Қирғизистон – 5,3% афзоишро ташкил дод.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 0,6% афзуда, дар Беларус (1,5%), Қазоқистон (2,6%), Қирғизистон (6%) ва Русия (0,4%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.
Министр по торговле Евразийской экономической комиссии (ЕЭК) Андрей Слепнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Слепнев: Созишномаи минтақаи озоди тиҷорати ИИАО ва Эрон шарикиро ба сатҳи нав мебарорад
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8% афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Лентаи хабарҳо
0