Як мактаби шаҳри Исфараи Тоҷикистон ба стандартҳои омӯзишии Русия гузашт

© SputnikМеждународная школа "Контакт" в городе Исфара. Архивное фото
Международная школа Контакт в городе Исфара. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Обуна шудан
Мактаби байналмилалии “Контакт” дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дарсҳояшро бо стандартҳои Русия мутобиқ месозад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Мактаби байналмилалии "Контакт"-и шаҳри Исфараи Тоҷикистон аз Рособрнадзор аккредитатсия гирифтааст ва аз ин ва баъд метавонад тибқи стандартҳои таълимии Русия таҳсилро ба роҳ монад.
Муассисаи таълимиро Азизҷон Ҳакимов, иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад шабакаи телеграми Ассотсиатсияи мактабҳои руси дар хориҷа.
Бомуваффақият гузаштани тарти дар Рособрнадзор ба мактаб имкон медиҳад, ки таълимро тибқи стандартҳои давлатии Русия ба роҳ монад.
“Дар ҳама муассисаҳои таълимии аккредитатсияшуда таълим ба забони русӣ ва дигар фанҳо бо забони русӣ гузаронида мешаванд”, - қайд кардааст, Азизҷон Ҳакимов.
Дар мактаби руси-тоҷикии ба номи Гагарин, аввалин кванториум ифтитоҳ шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Мактаби русӣ-тоҷикӣ дар Душанбе соҳиби кванториум ё парки технологӣ шуд - видео
Қайд карда мешавад, ки аккредитатсияи гирифташуда аз сатҳи баланди маҳорати касбии омӯзгороне, ки дар мактаб кор мекунанд, мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва барномаҳои таълимии мувофиқи қонунгузории Русия шаҳодат медиҳад.
Азизҷон Ҳакимов қайд кард, ки гирифтани аккредитатсия барои мактаббачагон роҳҳои нав боз менамояд ва ба онҳо имкони гирифтани таҳсилоти босифатро медиҳад.
Ба гуфтаи вай, мақоми ба рушду такмили муассисаи таълимӣ мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0