"Ситораи Шарқ": Дар Хуҷанд бахшида ба ёдбуди Малика Собирова чорабинӣ баргузор шуд

Обуна шудан
Дар Хуҷанд бахшида ба ёдбуди балеринаи маъруфи тоҷик Малика Собирова чорабинии хареографӣ баргузор гардид
Барои иштирок кардан дар чорабинии мухим аз Душанбе мутахассисони мактаби балет омада буданд.
Дар чорабинӣ, ки онро Хонаи русҳо ва шуъбаи маданияти маҳаллӣ ташкил кардаанд, Ҳунарпешаи пешқадами Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Нозанин Юлчиева барои балеринаҳои Суғд дарс гузаронд.
Вай ба истеъдодҳои ҷавон дар бораи аҳамияти мактаби классикӣ дар балети муосир нақл кард.
Намоиши балети Шелкунчик сокинони Душанберо шод кард – видео
Хонум Юлчиева ҳамзамон дар бораи ҳаракатҳои душвори хореографӣ гуфта гузашта баъзе аз ин ҳаракатҳоро нишон дод, ки барои раққосаҳои ҷавон хеле ҷолиб буд.
Онҳо на танҳо аз маслиҳатҳои устоди рақс бархурдор шуданд, балки яке аз саҳначаҳои балети "Дон Кихот"-ро, ки онро Малика Собирова иҷро мекард, аз худ карданд.
Дар охир Нозанин Юлчиева барои иштирокчиён порчаҳо аз балети "Лайлӣ ва Маҷнун", "Жизел"-ро аз репертуари Малика Собирова иҷро намуд.
Лентаи хабарҳо
0