Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров шарти оташбас бо Украинаро эълон кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкП/к главы МИД РФ С. Лаврова по итогам переговоров делегаций РФ и США
П/к главы МИД РФ С. Лаврова по итогам переговоров делегаций РФ и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш пас аз расидан ба созишҳо амалиёти вижаи низомиро дар Украина қатъ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, кишвараш амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро танҳо он вақте қатъ мекунад, ки дар музокирот барои ҳалли низоъ натиҷаи устувор ба даст орад.
"Президент ба таври возеҳ изҳор дошт, ки мо омодаем ҳам бо Украина ва ҳам бо Аврупо, бо ҳар намояндае, ки бо нияти нек мехоҳанд ба расидан ба сулҳ мусоидат кунанд, гуфтугӯ кунем. Аммо мо амалиёти вижаи низомиро танҳо замоне қатъ хоҳем кард, ки музокирот натиҷаи устувор диҳад, ки ба Русия мувофиқ бошад... Албатта, воқеиятҳои рӯи замин бояд ба назар гирифта шаванд", - гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, дар пасманзари изҳороти сиёсатмадорони аврупоӣ дар робита ба Украина, "мавқеи ИМА барҷаста аст.
Ҳамчунин оқои Лавров гуфт, ки Маскав борҳо изҳор доштааст, ки лоиҳаи созишномаҳои Истанбул барои соли 2022 метавонад асоси созиш бо Украина гардад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров на встрече в Москве с министром иностранных дел Республики Сербия Марко Джуричем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров хоҳиши Аврупо барои ширкат дар музокироти Украинаро шарҳ дод
"Ман танҳо як чизро таъйид карда метавонам: Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, борҳо ин изҳоротро баён карда, ёдовар шуд, ки мо дар Истамбул то имзои як созишномаи комил бар асоси принсипҳои пешниҳодкардаи украиниҳо шояд як соат монда будем, аммо (нахуствазири он вақт Бритониё) Борис Ҷонсон инро манъ кард", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, дар музокирот оид ба ҳалли бӯҳрони Украина бояд як тавофуқи "пурқудрат" вуҷуд дошта бошад, ки Киев ба НАТО намепайвандад, гуфт вазири хориҷа.
Лентаи хабарҳо
0