Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро бо Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ табрик гуфт

© Foto / Пресс-служба мэра ДушанбеРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Обуна шудан
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як нерӯи тавонои низомӣ табдил ёфта, ки манофеъи миллиро ҳимоят ва суботи сиёсиро дар кишвар ҳифз мекунанд, бовар дорад Рустами Эмомалӣ
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба тоҷикон паёми табрикӣ кар.
Ӯ ҳамватанон ва тамоми ҳайати шахсии сохторҳои низомии кишварро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар табрик гуфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти вай.
Шаҳрдори Душанбе зикр кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба як нерӯи тавонои низомӣ табдил ёфтаанд, ки манфиатҳои миллиро ҳимоят мекунанд ва суботи сиёсиро дар ҷумҳурӣ ҳифз менамоянд.
"Хизмат ба Ватан шараф ва ифтихори бузург, вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус аст, ки дар замони пурташвиши имрӯз истиқлолияти давлат, амният ва зиндагии осоиштаи мардум аз ин вобастагӣ дорад", - таъкид дошт ӯ.
Мавсуф таъкид кард, ки хидмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург, вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони арзанда ва шоиста аст.
Парад в Душанбе с участием Эмомоали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2025
Дар Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ паради ҳарбӣ сурат гирифт - акс
Ба гуфтаи ӯ, истиқлоли давлат, сулҳу амнияти кишвар, зиндагии осоиштаи мардум аз хидмати софдилонаи онҳо вобаста аст.
23 феврал дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан ва ё Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҷлил мешавад.
Дар ин санаи соли 1993 нахустин паради Артиши миллии ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0