Таъсиси ситоди мубориза бар зидди малах дар вилояти Хатлон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСаранча. Архивное фото
Саранча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2025
Обуна шудан
Мақомот қайд кардааст, ки ситоди мубориза бар зидди малах ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии малах дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар минтақаи Бохтар боздид намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлонхабар додааст.
Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани зироатҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон Муассиса дорои 22 адад техника ва дигар таҷҳизоти лозима мебошад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани ҳашароти заррарасон, аз ҷумла малах дар ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш кормандони соҳаро лозим аст, ки чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон дастур дод, ки масъулин техника ва заҳрхимикатҳоро захира намоянд.
Қайд карда шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шудааст.
Саранча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2024
“Дигар хатар надорад”: Вазорат мегӯяд, дар мубориза бо малах пирӯз шудаанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Хатлон аз эҳтимоли паҳншавии малахи марокашӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Мақомот ин вилоят қайд карда буд, ки эҳтимоли паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳо андешида шаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бораи муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин, ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш дода буд.
Лентаи хабарҳо
0