Сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия куҳансарбози 99-солаи тоҷикро табрик карданд

© Foto / Пресс-служба ЦВОВоеннослужащие 201-й военной базы Центрального военного округа поздравили ветерана Великой Отечественной войны Бозора Шодмоновича Нагзибекова с Днём защитника Отечества
Военнослужащие 201-й военной базы Центрального военного округа поздравили ветерана Великой Отечественной войны Бозора Шодмоновича Нагзибекова с Днём защитника Отечества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2025
Обуна шудан
Ба ифтихори Рӯзи муҳофизони Ватан низомиёни рус дар Тоҷикистон куҳансарбозро табрик намуда, аз қаҳрамониҳояш дар ҷанг изҳори сипос карданд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон куҳансарбози 99-сола Бозор Нағзибековро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик гуфтанд.
Ба собиқадор табрикнома, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои артиши Русия тақдим карда шуд.
Ғайр аз ин, пойгоҳи 201-уми Русия ба Нағзибеков як бастаи ғизоӣ ва гулдаста тақдим карданд.
Низомиён аз куҳансарбози 99-сола барои мардонагӣ ва қаҳрамоние, ки дар замони ҷанг нишон додааст, миннатдорӣ баён карданд. Ба ин мард саломатӣ ва умри дароз орзу карданд.
Дар навбати худ куҳансарбоз низ ба мехмонон миннатдорӣ баён кард. Вай аз даврони ҷанг ва душвориҳоеро, ки дар солҳои ҷанг аз cap гузарондааст, ёдовар шуд.
Куҳансарбоз инчунин дар бораи аҳамияти дӯстии халқҳо ва муҳаббат ба Ватанро хотиррасон кард.
Акция Бессмертный полк в школах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2025
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд кӯҳансарбози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди ҳаёт аст
Бозор Нағзибеков соли 1926 таваллуд шудааст. Вай тамоми Чанги Бузурги Ватаниро аз Масекав то Берлин тай кардааст.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон ният дорад рӯзи 23 февралро ба таври густарда таҷлил намояд.
Ба ин тартиб, дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як ҷашнвора баргузор мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Рустами Эмомалӣ фармони дахлдор имзо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0