https://sputnik.tj/20250222/rahmon-istifodai-zehni-suni-artish-diqqati-avvalindaraja-1066327700.html
Раҳмон: Ба истифодаи "зеҳни сунъӣ" дар артиш бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад
Раҳмон: Ба истифодаи "зеҳни сунъӣ" дар артиш бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ба азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ" бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад
2025-02-22T15:09+0500
2025-02-22T15:09+0500
2025-02-22T15:09+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
паради низомӣ
артиш
қувваҳои мусаллаҳ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/16/1066325693_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_30b2b89cc410500d64f5780ad8529262.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар паради ҳарбӣ гуфт, ки артиши миллии Тоҷикистони ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва "ҷанги сард" ёдовар шуд. Вай қайд кард, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд дар ҳолати омодабошии доимӣ бошад.Раисҷумҳур инчунин қайд кард, ки вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳимму мубрам мегардонад.Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки роҳбарият вазифадор аст, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.“Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ", инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад”, - қайд кард президенти кишвар.Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20250222/dushanbe-huzuri-emomali-rahmon-rustam-emomali-paradi-harbi-1066327317.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/16/1066325693_29:0:1166:853_1920x0_80_0_0_9fdc1c9848197c793f4bb0c8836816a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, парад, зеҳни сунъӣ, артиш, истифода, диққат, раисҷумҳур
тоҷикистон, раҳмон, парад, зеҳни сунъӣ, артиш, истифода, диққат, раисҷумҳур
Раҳмон: Ба истифодаи "зеҳни сунъӣ" дар артиш бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ба азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ" бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар паради ҳарбӣ гуфт, ки артиши миллии Тоҷикистони ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.
“Артиш қодир аст, ки якҷо бо дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намояд”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва "ҷанги сард" ёдовар шуд.
Вай қайд кард, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд дар ҳолати омодабошии доимӣ бошад.
Раисҷумҳур инчунин қайд кард, ки вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳимму мубрам мегардонад.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки роҳбарият вазифадор аст, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.
“Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ", инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад”, - қайд кард президенти кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Тоҷикистон мебошад.