Аз Узбекистон то Ганаву Қирғизистон: эълони омори издивоҷ бо хориҷиён дар Суғд

© unsplash / Jeremy Wong WeddingsМолодожены держатся за руки
Молодожены держатся за руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2025
Обуна шудан
Никоҳи сокинони шимоли Тоҷикистон бо хориҷиён дар соли 2024 бештар бо шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва ҳатто бо афроди бидуни шаҳрванд сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Тайияк соли охир издивоҷи сокинони шимоли Тоҷикистон бо хориҷиён аз кишварҳои Афғонистон, Гана, Украина ва шахсони бетабаа (бе мақоми шаҳрвандӣ) сурат гирифтааст.
Масъулони Раёсати адлияи вилояти Суғд омори бастани ақди никоҳи сокинон бо хориҷиёнро шарҳ доданд.
Ба гуфти Бибираҷаб Раҷабзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд гуфт, давоми соли 2024, 33 ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондод нисбат ба соли 2023 панҷ ҳолат камтар сабт шудааст гуфт, манбаъ.
Раҷабзода афзуд, ки ҳолатҳои издивоҷи сокинони вилоят бо хориҷиён дар 13 шаҳру навоҳии қайд шудааст.
Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғд издивоҷ кардаанд, аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Русия будаанд.
Тибқи омори ин ниҳод, издивоҷ бо хориҷиён дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (6 ҳолат), Шаҳристон (4 ҳолат) ва шаҳри Хуҷанд (4 ҳолат) бештар ба қайд гирифта шудааст.
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Кумитаи занон: Дар Тоҷикистон издивоҷу талоқ кам шудааст
Омори издивоҷ бо хориҷиён дар 13 шаҳру ноҳияи Суғд чунин аст:
Ҳамин тариқ дар Айнӣ 2 ҳолат Ҷаббор Расулов 1 ҳолат (бо шаҳрвандони Русия), Бобоҷон Ғафуров 6 ҳолат (5 ҳолат бо шаҳрвандони Қирғизистон ва 1 ҳолат бо шаҳрванди Русия) , Деваштич 1, Панҷакент 4 , Гулистон 1, Истаравшан 1 ҳолат ( ҳама бо шаҳрвандони Ӯзбекистон) издивоҷ бо хориҷиён сабт шудааст.
Издивоҷҳо дар Зафаробод бошад 4 ҳолат (1 то бо шахси бе мақоми шаҳрвандӣ, ва 1 ҳолатӣ бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон), Конибодом 1 ҳолат (бо шаҳванди Украина), Мастчоҳ 2 ҳолат (бо шаҳрванди Русия 1 ҳолат бо шаҳрванди Узбекистон), Спитамен 2 ҳолат (1 ҳолат бошаҳрванди Ӯзбекистон ва 1 ҳолат бо шахси бешаҳрвандӣ)
Никоҳ бо хориҷиён дар Хуҷанд 4 ҳолат ( 1 ҳолатӣ бо шаҳрвандони Русия, Украина, Гана ва 1 ҳолат бо шахси бешаҳрванд), Шаҳристон 4 ҳолат (1 ҳолат бо шаҳрванди Узбекистон ва 3 ҳолат бо шахси бе мақоми шаҳрвандӣ дошта) будааст.
Дар умму зарфи соли 2024 дар вилояти Суғд 22 ҳазору 356 ҳолати бастани ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса баяк соли пеш 87 ҳолат кам будааст.
Дар ин давра 3357 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2023, 386 маврид кам мебошад.

Чӣ гуна дар Тоҷикистон ба хориҷиҳо ба шавҳар мебароянд?

Дар Тоҷикистон аз шаҳрванди хориҷӣ ҳеҷ гуна боҷи пулӣ талаб намешавад, аммо як қатор шартҳоеро домодшаванда бояд иҷро кунад.
Соли 2011 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ шуд, ки тибқи он, агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ бошад, бояд дар Тоҷикистон на камтар аз 12 моҳ пеш аз тӯй зиндагӣ карда бошад, шартномаи никоҳ имзо кунад ва уҳдадор шавад, ки зану фарзандони ояндаашро бо манзил таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0