https://sputnik.tj/20250218/overchuk-kishvarho-panjgona-havza-khazar-nazdikshavi-iiiao-davat-1066274046.html
Оверчук кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард
Оверчук кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Русия ба кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазар гуфт, ки наздикӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба онҳо манфиат хоҳанд дод
2025-02-18T18:22+0500
2025-02-18T18:22+0500
2025-02-19T13:36+0500
ииао
дарёи хазар
алексей оверчук
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066274298_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7ea18c6f68c252236143b3a0c06e3364.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ ба ИИАО даъват кард.Дар ин бора ӯ дар Анҷумани сеюми иқтисодии Хазар дар Теҳрон изҳор дошт.Вай қайд кард, ки вуруди Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ҳайси кишвари нозир ба таҳкими равобити иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад. Ӯ афзуд, ки Русия ва Эрон қариб пурра ба пардохтҳо бо пули миллӣ гузаштанд."Мо ба истифодаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷуҳи хоса медиҳем" - гуфт муовини нахуствазири Русия.Оверчук таъкид кард, ки Русия ва Эрон тақрибан комилан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ бо истифода аз системаҳои худ барои интиқоли паёмҳои молӣ ва бонкӣ гузаштаанд.Ӯ афзуд, ки Русия "дурнамои асосии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Эронро бо бахшҳое аз қабили энержӣ, мошинсозӣ ва ҳавопаймосозӣ, киштисозӣ, дорусозӣ ва рушди зербинои нақлиётӣ мепайвандад".Дар ҳоли ҳозир Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон намояндагони асосии ИИАО мебошанд. Эрон, Узбекистон, Куба ва Молдова мақоми нозирро доранд. Ба панҷгонаи ҳавзаи Хазар Русия, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон шомиланд.
https://sputnik.tj/20250218/barsegyan-kishvarho-iiao-tamin-amniyat-ozuqa-jahon-naqsh-muhim-1066272379.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066274298_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_4721687c0e10846c6f76876b923504ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оверчук кишварҳо панҷгона ҳавза хазар наздикӣ иииао даъват
оверчук кишварҳо панҷгона ҳавза хазар наздикӣ иииао даъват
Оверчук кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард
18:22 18.02.2025 (Навсозишуда: 13:36 19.02.2025) Намояндаи Русия ба кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазар гуфт, ки наздикӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба онҳо манфиат хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ ба ИИАО даъват кард.
Дар ин бора ӯ дар Анҷумани сеюми иқтисодии Хазар дар Теҳрон изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки вуруди Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ҳайси кишвари нозир ба таҳкими равобити иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад.
"Ман дигар кишварҳои панҷгонаи Хазарро даъват мекунам, ки дар бораи манфиатҳои наздикшавӣ бо ИИАО фикр кунанд", - гуфт Оверчук.
Ӯ афзуд, ки Русия ва Эрон қариб пурра ба пардохтҳо бо пули миллӣ гузаштанд.
"Мо ба истифодаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷуҳи хоса медиҳем" - гуфт муовини нахуствазири Русия.
Оверчук таъкид кард, ки Русия ва Эрон тақрибан комилан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ бо истифода аз системаҳои худ барои интиқоли паёмҳои молӣ ва бонкӣ гузаштаанд.
Ӯ афзуд, ки Русия "дурнамои асосии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Эронро бо бахшҳое аз қабили энержӣ, мошинсозӣ ва ҳавопаймосозӣ, киштисозӣ, дорусозӣ ва рушди зербинои нақлиётӣ мепайвандад".
Дар ҳоли ҳозир Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон намояндагони асосии ИИАО мебошанд. Эрон, Узбекистон, Куба ва Молдова мақоми нозирро доранд.
Ба панҷгонаи ҳавзаи Хазар Русия, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон шомиланд.