Кремл гуфт, Русия омода аст ба Эрон дар масъалаҳои барномаи ҳастаиаш кумак кунад

© AP / Majid AsgaripourБушерская АЭС в Иране. Иллюстративное фото
Бушерская АЭС в Иране. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2025
Обуна шудан
Маскав мутмаин аст, ки бо назардошти иродаи сиёсии ҳамаи ҷонибҳои дахлдор, масъалаи барномаи ҳастаии Теҳрон метавонад ва бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Маскав омода аст ба Теҳрон дар ҳалли масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эрон кумак кунад.
Дар ин бора котиби матбуотии раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба хабаргузории Эрон ИРНА хабар дод.
"Маскав равобити хуб ва шарикиро бо Эрон муҳим медонад ва қасд дорад, ки ин равобитро ҳамаҷониба густариш диҳад, аз ҷумла (ба ироаи кумак омода аст) дар ҳалли масъалаҳои муҳиме, чун барномаи ҳастаи", - гуфтааст Песков.
Ӯ ҳамзамон гуфт, Маскав мутмаин аст, ки бо назардошти иродаи сиёсии ҳамаи ҷонибҳои дахлдор, масъалаи барномаи ҳастаии Теҳрон метавонад ва бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад.
"Мо итминон дорем, ки дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсии ҳамаи ҷонибҳои дахлдор, масъалаи барномаи ҳастаии Эрон метавонад ба таври дипломатӣ ҳал шавад ва бояд ҳал шавад", - гуфтааст Песков.
Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд муддат Ғарб замони кутоҳи дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мегӯянд. Махсусан дар ин масъала Исроил ва Амрико ҳассосанд ва ҳатто таҳдиди зарба ба иншооти ҳастаиро мекунанд.
Аммо Масъуд Пизешкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар музокирот бо Рафаэл Гроссӣ-раиси МАГАТЭ гуфт, ки Теҳрон силоҳи ҳастаӣ наофаридааст ва нахоҳад кард.
Ӯ ҳамзамон ҳушдор дод, ки Эрон садҳо маротиба бештар иншооти ҳастаӣ месозад, агар ИМА ва Исроил ҷуръати ҳамла бар онро кунанд
Избранный президент Дональд Трамп выступает на встрече с делегацией Республиканской партии в Палате представителей 13 ноября 2024 года в Вашингтоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
Трамп гуфт, ки дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ фалокатбор хоҳад буд
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Бритониё, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон ба як тавофуқи ҳастаӣ - Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал (БАРҶОМ), ки лағви таҳримҳо дар ивази маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии Эронро дар бар мегирифт, даст ёфтанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳти раёсати Доналд Трамп, дар моҳи майи соли 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард.
Дар посух, Эрон эълом кард, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сентрифугаҳо ва мизони ғанисозии уран даст кашид.
Лентаи хабарҳо
0